Волии Бадахшони Афғонистон: Хоруғ ором аст, визаро аз сар бояд гирифт!

Хабари хуб 13.10.2012 12:23

badakhshonЯк ҳайати афғонӣ, ки дар Хоруғ ба сар мебаранд, хостори азсаргирии виза барои шаҳрвандони Афғонистон шудааст.

Шоҳвалиуллоҳи Адиб, волии Бадахшони Афғонистон ва раҳбари ин ҳайат гуфтааст, бинобар эътидоли вазъ дар Бадахшон, онҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостори аз сар гирифтани виза барои шаҳрвандони афғон шуданд.

Шоҳвалиуллоҳи Адиб мегӯяд: «Ҷанҷоле, ки дар Хоруғ ба вуқуъ пайваст, таъсири бисёр бад болои вулусволиҳои сарҳадии мо кард, мавод бисёр қимат шуд, рафтуомади мардум қатъ шуд, интиқоли мавод қатъ шуда, марзҳои мо баста шуданд, барои мардумоне, ки бо вулусволиҳои сарҳадӣ меомаданд аз тариқи Тоҷикистон виза банд шуд. Мо ин мавзуъро бо вазири дифоъ, вазири амният ва шаҳрдори Хоруғ суҳбат кардем, феълан Хоруғеро, ки мебинем, ба куллӣ оромист, мушкил бисёр ба зудӣ ҳал шуд, дигар мушкиле нест, инҳо визаро аз сар бигиранд, то зимистон пеши рӯ дорем, мардум ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд ва рафтуомади қонунӣ сурат бигирад.»

Аммо волии Бадахшон дар робита бо таъхири сафари ҳайати афғонӣ, ки гуфта мешуд, бинобар ҳаводиси Вардуҷ маҷбур шуданд, худро аз тариқи Панҷи поён ба Хоруғ бирасонанд, изҳор дошт, ки ҳайат танҳо бинобар вайронии роҳҳои нақлиётӣ аз Файзобод то Ишкошим, тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз масири дигар вориди Хоруғ шавад.

Волии Бадахшони Афғонистон дар ин робита афзуд: «Вазъ дар контроли нируҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, нируҳои амниятии мо амалан вуҷуд доранд. Мо хориҷ аз Вардуҷ дар дигар вулусволиҳо мушкил надорем ва мо кӯшиш мекунем, мушкилот ҳам аз тариқи низомӣ ва ҳам гуфтугӯ ҳал шавад.»

Ба гуфтаи Шоҳвалиюллоҳ Адиб, дар гуфтугӯи ҳайатҳои тоҷику афғонӣ ва ҳам мулоқот бо раиси ин вилоят, масоили истифодаи обҳои марзӣ барои обёрӣ намудани киштзорҳои ду ҷониб, фаъолияти бозорҳои нави марзӣ, ҳамкориҳо дар бахши маориф, тандурустӣ, энергетика баррасӣ гардиданд.

Қарор аст волии Бадахшони Афғонистон аз тариқи роҳҳои нақлиётии Бадахшони Тоҷикистон ба маҳалли дурдасти Помироти Афғонистон сафар анҷом дода, бо қирғизтаборони он ҷо мулоқот кунад.

Ҳайъати афғониро дар ин сафар Латифи Пидром, намояндаи Бадахшон дар парлумони Афғонистон низ ҳамроҳӣ мекунад. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97