Президент бо вазири корҳои дохилии Русия вохӯрд

Хабари хуб 12.10.2012 16:39

rahmonov_va_vaziri_korhoi_dokhilii_russiyРаиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе вазири умури дохилии Русия, Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, президенти Тоҷикистон қабл аз оғози ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, вазири дохилаи ин кишвар Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин дидор масоили мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон хостори тақвияти ҳамкориҳои мақомоти қудратии Русияву Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта ва дастгир кардани ҷинояткорон дар қаламрави ин кишварҳо шудааст.

Ба дунболи ин мулоқот дар пойтахти Тоҷикистон коллегияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон ба кори дурӯзаи худ оғоз кард. Интизор меравад дар ҳошияи ин нишаст, қарордоди таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ба имзо расад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97