Рӯнамоӣ аз "Мардони таърихсоз" дар Душанбе

Хабари хуб 10.10.2012 20:07

Picture_221"Мардони таърихсоз» китоби навест, ки дар Душанбе ба зевари чоп ороста шуд.

Ин маҷмӯа иборат аз мақолаҳо, назарот, ёддошту достонҳо ва мусоҳибаҳо роҷеъ ба се шахсияти барҷастаи таърихи муосири Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ, сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Атомуҳаммади Нур мебошад, ки дар рӯзномаи «Миллат» ва дигар нашрияҳо чоп шудаанд.

Китоб бо ибтикори Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «АФРӯЗ» ва ҳафтаномаи «Миллат» бо ҳуруфи ниёкон ва кирилӣ чоп шуда, дорои аксҳои ҷолиб аз ин се шахсияти барҷастаи Хуросонзамин мебошад.

Раҳматкарими ДаPicture_276влат аз таҳиякунандагони ин китоб ҳадаф аз нашри онро шиносонидани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва ҷуғрофиёи хонда гуфт, ки он метавонад барои инсиҷоми бештари миллатҳои минтақа дар ин ҳавзаи тамаддуни фарҳангӣ, хидмат кунад.

Маросими рӯнамоӣ аз китоби "Мардони таърихсоз" шоми сешанбеи 9-уми октябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ва бо ҳузури густурдаи зиёиён, сиёсатмадорон, дипломатҳо ва рӯзноманигорону ҷамъи зиёди ҳаводорони ин шахсиятҳо, баргузор шуд.

Гузориши муфассалро аз ин маҳфили нуру рӯнамоӣ дар шумораи оянда интизор дошта бошед.

«Миллат»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97