Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳурии Гурҷистон шикасти ҳизби худ дар интихоботи саросарӣ дар ин кишварро пазируфт.
Саакашвилӣ ба таври мустақим аз телевизиюни Гурҷистон гуфт, ки эътилофи "Гурҷистони руъёӣ" аксарияти курсиҳои маҷлиси ин кишварро дар даст гирифтааст.
Бидзина Иванишвилӣ миллиардери гурҷӣ, ки раҳбарии эътилофи мухолифонро дар даст дорад, низ эъломи пирӯзӣ кардааст.
Агар ин бор иттифоқе пеш наояд ва мухолифони Саакашвилӣ дар ин интихобот пирӯз шаванд, барои нахустин бор дар таърихи ин кишвар пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ хоҳад буд, ки қудрат ба тариқи интихобот, на инқилоб интиқол меёбад.
Ба гуфтаи бисёре аз нозирону коршиносон ин пуррақобатитарин интихобот дар ин кишвар тайи як даҳаи гузашта будааст.
Теъдоде аз намояндагони порлумони Гурҷистон бар асоси раъйи мустақими мардум ба порлумон роҳ ёфтаанд ва бақия курсиҳо низ бар асоси теъдоди раъйе, ки ба аҳзоби дигар дода шуда, ба номзадҳои ин аҳзоб ихтисос ёфтааст.
Саакашвилӣ дар соли 2003 ба қудрат расида ва ин интихобот бузургтарин озмуни маҳбубияти ӯ ба шумор мерафт.
Комиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон гуфтааст, ки дар раванди интихобот тахаллуфи ҷиддӣ рӯй надодааст
М. Саакашвилӣ дар замони таблиғоти интихоботӣ талош кард, то ин интихоботро гузинае миёни давлати ғарбгарои худ ва ояндае муъаррифӣ кунад, ки дар сурати пирӯзии ҷонибдорони Иванишвилӣ барои Гурҷистон рақам хоҳад хӯрд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳуриии Гурҷистон, пирӯзии тими Иванишвилӣ имкони тасаллути Русия бар Гурҷистонро ба дунбол хоҳад дошт.
Иванишвилӣ дар ибтидои даҳаи навад сарвати худро дар Русия ба даст оварда, сарватмандтарин марди Гурҷистон аст.
Танишҳо миёни давлати Михаил Саакашвилӣ ва Русия дар соли 2008 ба авҷ расид ва ду кишвар даргири ҷанги кӯтоҳмуддат бар сари манотиқи ҷудоиталаби Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ шуданд. Дар натиҷаи ин даргирӣ контроли ин ду минтақа ба кул аз дасти давлати Гурҷистон хориҷ шуд.