Истихбороти Олмон: Карзай бародарашро номзад мекунад

Хабари хуб 04.10.2012 15:33

dodari_karzayСозмони истихборотии Олмон ҳукумати Афғонистонро ба бе таваҷҷуҳӣ дар кори мубориза бо фасоди идорӣ муттаҳам сохта ва дар гузорише нигошта, ки мақомҳои аршади ҳукумати ин кишвар, наздиконашонро дар постҳои муҳимми давлатӣ мегуморанд.

Ба гузориш аз шабакаи 1-и, Созмони истихборотии Олмон, ё Би-Ен-Ди дар гузориши тозаи худ зери номи "Пешбинии Афғонистон то соли 2014", нигоштааст, ҳукумати Афғонистон ҳеч иродае барои мубориза бо фасоди идорӣ надорад.

Ин гузориш таъкид кардааст, ки раиси ҷумҳур Карзай барои бақои қудрати хонаводааш бародари бузургашро дар  интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ номзад хоҳад кард.

Дар ин гузориш авзоъи амниятии кишвар низ нигаронкунанда гуфта шудааст.

Ин гузориш бар ниёзмандии ҳузури 35 ҳазор сарбози хориҷӣ пас аз соли 2014 барои таъмини амният дар кишвар таъкид кардааст.

Бахше аз ин гузориш чунин нашр шудааст: "Гумоштани наздикони мақомҳои аршади давлатӣ дар постҳои муҳим, ҷараён дорад ва ин худ сабаби густариши фасоди молӣ дар Афғонистон шудааст. Ҳукумати Афғонистон ҳеч иродае бар мубориза бо фасоди идорӣ надорад".

Аз суи дигар ҷенерол Авлиюрдӣ Буйнчуф, раиси ситоди Оисиф гуфтааст, ки манотиқи шимол, ғарб ва марказии Афғонистон ором аст ва нишонаҳои ҳукуматдорӣ ва инкишоф дар ин манотиқ дида мешавад. Аммо раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон дар бораи дидгоҳи ниҳодҳои истихборотӣ назар намедиҳад. Аммо пеш аз ин ҳукумати Афғонистон ҳамвора бар муборизаи ҷиддӣ бо фасоди идорӣ таъкид кардааст.

Бо ин ҳам раиси ситоди Оисиф таъкид кардааст, ки манотиқи ҷанубӣ ва шарқӣ ба сабаби вуруди шӯришчиён аз Покистон ноамн аст.

Ҷенерол Авлюрдӣ Буйнчуф гуфт: "Ҷабҳаи ҷанг дар шарқу ҷануби кишвар аст, ҷое, ки шӯришчиён дар он фаъол ҳастанд. Ин шӯришчиён ба василаи ҷангҷӯён, ки аз Покистон ворид мешаванд, ҳимоят мешаванд. Талошҳои Оисиф барои таъмини амният дар ин манотиқ мутамарказ аст".

Пеш аз ин Кобул низ Исломободро ба нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни Толиб аз хоки ин кишвар ба Афғонистон мутаҳҳам карда буд.

Ҷенерол Буйнчуф дар мавриди ҳамлаҳои нируҳои афғон ба сарбозони хориҷӣ гуфтааст, ки ин амри маъмурияти Оисиф дар Афғонистонро бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Раиси ситоди Оисиф афзудааст, ки 25 ило 35 дар сади ин ҳамлаҳо марбут ба мардони нуфузӣ аз гуруҳи толибон дар сафҳои нируҳои амниятии Афғонистонанд ва боқии он ношӣ аз адами омӯзиши сарбозони Афғонистон сурат мегирад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97