Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар суҳбати ихтисосӣ бо радиои "Озодӣ" мавҷудияти як "рӯйхати сиёҳ"-и иштирокдорони ҳаводиси Хоруғро рад кард. Ӯ, ки дар маркази вилояти Бадахшон суҳбат мекардааст, гуфта, "ҳеч кас барои ҳодисаҳои ахири Хоруғ таъқиб нахоҳад шуд."
Вазири дохилӣ афзудааст, ҳамаи онҳое, ки силоҳҳояшонро супорида, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озоданд. Зимни шарҳи ин масъала вазир гуфтааст: "Дар рӯйхате, ки мегӯянд, аз 80 ё 100 нафар иборат аст, гап дар бораи таъқиби онҳо ё ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо намеравад. Гап дар бораи онҳоест, ки ихтиёран силоҳ супориданд, то парвандаи ҷиноии ин афрод қатъ шавад".
Рамазон Раҳимов дар робита бо онҳое, ки номашон дар ҳаводиси ахири Хоруғ садо доданд, мегӯяд, дар мавриди ҳамкории онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкиле вуҷуд надорад: "Мушкилот нест, вазъият ба эътидол омадааст. Гуруҳҳое, ки фирефта шуда, яроқ ба даст гирифта буданд, аллакай фаҳмиданд. Мардум ҳам фаҳмид. Ҳоло тинҷиву амонист."
Қаблан, додситонии кул дар мулоқот бо мардум дар робита ба сарнавишти Толиб Айёмбеков ва дигар муттаҳамони куштори Абдулло Назаров ва ҳаводиси ахири Хоруғ гуфт, бархӯрд бо онҳо дар асоси қонун сурат мегирад. Аммо дар ҳолате, ки ин афрод ихтиёрӣ силоҳашонро супурда ва ба мақомот ҳамкорӣ мекунанд, муҷозоташонро сабуктар хоҳад кард.
Бино ба навиштаи радиои "Озодӣ" сарнавишти парвандаи куштори Абдулло Назаров, собиқ сардори КДАМ-и Бадахшон, ки сабаби оғози як амалиёт дар Хоруғ шуда буд, то ба ҳол номаълум боқӣ мемонад ва тафтишот ҳанӯз ба охир нарасидааст. Вазири дохилӣ ба суоли он ки то чӣ андоза рафтори худи шахси мансабдор ба ҳодисаи куштор сабаб шудааст, гуфтааст, "парванда ҳаматарафа таҳқиқ ва бо он баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд."
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, рӯзи якшанбе, 23-юми сентябр, вазири дифоъ, Шералӣ Хайруллоев, пас аз ду моҳи шуруъи амалиёти Хоруғ ба Душанбе баргаштааст. Тайи рӯзҳои охир теъдоди зиёди низомиён тавассути чархбол берун шуда, ба гуфтаи мақомот нируҳои вазорати дифоъ пурра ба ҷойҳои муқимии худ баргаштаанд. Теъдоди муайяни нируҳои умури дохилӣ ва амниятӣ дар вилоят боқӣ хоҳанд монд.
Ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти интизомиро дар минтақа дар ҳоли ҳозир ба уҳдаи вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимов аст.