Интихбот 2013: Кумитаи ислоҳи қонуни интихобот таъсис ёфт

Хабари хуб 30.09.2012 19:04

Zoirov_0101Намояндагони аҳзоби сиёсии мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти ислоҳи қонуни интихоботи раёсати ҷумҳуриро таъсис додаанд.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲУСДТ гуфт, ки дар ҷаласаи аввал низомномаи ин кумита баррасӣ шуд.

Қаблан талошҳои онҳо барои баргузории нишасти баррасии қонуни интихобот натиҷа надод ва онҳо ногузир нахустин ҷаласаи худро дар хонаи истиқоматии Раҳматилло Зойиров баргузор карданд.

Қарор аст, интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 баргузор шавад. Ҳоло танҳо ҲХДТ аз номзад шудани  Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки раисии ин ҳизбро низ ба уҳда дорад, хабар додаанд. Аҳзоби наздик ба ҳукумати Тоҷикистон низ ҳанӯз номзади мавриди назари худро эълом накардаанд, шояд мунтазири онанд, ки кӣ аввалин шуда ба майдон мебарояд.

Хуб, мо ҳам мунтазир хоҳем буд. Майдон аз далер аст!

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97