Президент боз ҳам гуфт, барои ду сол гандум ва ангишт захира кунед

Хабари хуб 29.09.2012 12:45

RAHMON_EЭмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба пешгӯиҳои ҳавошиносон дар бораи пеш омадани сардиҳо гуфтааст, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дошта бошад.

Рӯзи 25 сентябр Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Данғара аз болоравии нархи маводи ғизоӣ дар саросари олам аз деҳқонон даъват кард, ҳар ваҷаб замини корам барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ босамар истифода шавад.

Ин суханони президенти Тоҷикистон дар ҳоле пахш шудааст, ки мардум аз болоравии бемайлони нархи орду дигар маводи ғизоӣ нигарон ҳастанд.

Тоҷикистон солона ба тақрибан 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллиони он аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ ба даст меояд. Боқӣ аз ҳисоби воридот таъмин мешавад, ки тақрибан 95 дарсади он аз Қазоқистон ворид мешавад.

Болоравии қиматҳо аз чанд сол ба ин сӯ идома дорад, ва президенти кишвар низ мардумро барои захира кардан даъват мекунад. Аммо на ҳама мардум дар Тоҷикистон имкон ва шароити захира кардани маводи ғизоиро, он ҳам барои ду сол доранд.

Президент дар ҷараёни сафари худ ба ноҳияи Данғара як мактаби навро кушода, таъкид намуд, ки пахтакорон минбаъд бояд ба ҷамъоварии ҳосили пахта бидуни ҷалби мактаббачагон одат кунанд.

Бо ин ҳол ба назар мерасад, ки дар пеши деҳқонон ва масъулони кишоварзӣ масъалаҳои муҳимме гузошта шудааст, то ҳам дар фикри захираи ду сола бошанд ва ҳам бидуни ҷалби мактаббачагон ба саҳро пахтаро худ биғундоранд
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97