Зарифӣ ба ҷойи президент дар СММ суханронӣ мекунад?

Хабари хуб 27.09.2012 14:08

Zarifi01Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷа барои ширкат дар иҷлоси Маҷмаъи Умумии СММ ба Ню Йорк сафар кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар назар аст, Ҳамрохон Зарифӣ аз номи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси 67-уми Маҷмаъи Умумии СММ суханронӣ ва дар тадобири мухталиф дар ҳошияи ин иҷлос ширкат кунад.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, интизор меравад, дар ҳошияи ин иҷлос дидори вазирони хориҷаи кишварҳои Гуфтугӯи Ҳамкориҳои Осиё баргузор шуда ва дар он раёсати ин ниҳод аз Кувайт ба Тоҷикистон вогузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Asia-Plus дар ҳафтаи гузашта ба истинод ба манобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ширкати Президент Раҳмон дар иҷлоси 67-уми Маҷмаъаи Умумии СММ хабар дода буд.

Дар ин хабар таъкид шуда буд, ки нимаи аввали рӯзи 26 сентябр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин иҷлос суханронӣ хоҳад кард.

Манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибрози назар дар атрофи ин мавзуъ ва шарҳи далели тағйири тасмими раиси ҷумҳурӣ худдорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Назриев, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, хабарҳо дар бораи тарҳрезӣ шудани сафари Президент ба Ню Йорк ва тағйири баъдии ин тасмимро дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" бепоя хонда ва гуфтааст, ки Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи кишвар ҳафтае қабл озими Ню Йорк шуда буд.

Дар соли гузашта низ Ҳамрохон Зарифӣ раёсати ҳайъати давлати Тоҷикистонро дар иҷлоси Маҷмаъи Умумии СММ ба уҳда доштааст.

Маъмулан дар иҷлоси Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сарони кишварҳои ҷаҳон ширкат карда ва дар масоили доғи рӯз сӯҳбат мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни ширкат дар ин иҷлос пешниҳодҳои муҳимеро дар заминаҳои обу муҳити зист ироъа карда, ки аз ҷониби СММ пазируфта шудаанд.

Дар рӯзи ифтитоҳи 67 умин нишасти Маҷмаъаи кулли СММ, мақомоти Тоҷикистону ИМА вазъияти Осиёи Миёна баъди аз хуруҷи НАТО аз Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ бо ёвари котиби давлатии ИМА Вендӣ Шерман барномаҳои муштараки иқтисодиро, ки бо иштироки Афғонистон амалӣ мешаванд, баҳс намуда, вазъи минтақа баъди беруншавии нируҳои паймони НАТО аз Афғонистон, яъне баъди соли 2014-умро мавриди баҳс қарор доданд.

Ҳамчунон рӯзи 25 сентябр мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, раҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздорандаи СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, Мудири бахши Бонки Ҷаҳонӣ Кайл Петерс ва Намояндаи хоси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор доир гардид.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97