Сиёсатмадор ва ходими иҷтимоии Русия Юрий Крупнов барномаи рушди Тоҷикистон бо ширкати Русияро таҳия намуда ва мехоҳад онро дар Душанбе муаррифӣ кунад.
Ин тарҳро бархе аз таҳлилгарон ба тарҳи машҳури "Плани Маршал" баъди ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ барои Аврупо муқоиса мекунанд, ки тавассути он Аврупо ба суръат иқтисоди бар асари ҷанг харобгаштаи худро дубора эҳё кард. Тоҷикистон низ феълан ба барқарорсозии иқтисоди худ ва эҳёи дубораи санъатишавӣ ниёз дорад ва Крупнов пешниҳод мекунад, ки ин иқдом тавассути таъсиси Коорпаратсияи рушди Осиёи марказӣ амалӣ шавад.
Дар нишасте, ки қарор аст ба ширкати ҷаноби Крупнов рӯзи 26 -уми сентябр дар Душанбе доир шавад, Гузориши "Кишвари нави ҷадид. Иттиҳодияи АврОсиё - тамаддуни муштарак ва кишварҳои мухталиф" муаррифӣ хоҳад шуд. Ин гузоришро Ҷумбиши тавсеъа бо ҳамкории пажуҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақаӣ омода кардааст. Ин тарҳ дидгоҳеро роҷеъ ба кишварҳои пасошуравӣ чун як кишвари воҳиди бузург матраҳ мекунад. Замина ва ё пойгоҳи ин кишвари бузург бояд усули рушди муштарак қарор бигирад. Ин усул ҳамгироии кишварҳоро дар заминаи иҷрои тарҳҳои барои ҳама муфид ва муштарак бояд амалӣ кунад.
Дар маҷмуъ, бино ба ин тарҳ чор шакли барномаҳо барои рушди бо ҳам ё муштарак пешниҳод мешавад; рушди инфраструктурӣ, ки имконоти навро барои ҳамаи бахшҳо фароҳам кунад; рушди индустриалӣ, ки дар чаҳорчӯби он саноати мавҷуда эҳё шавад ва ё саноати нав роҳандозӣ гардад; рушди воҳидҳои иқтисодии мардумӣ, ки мутобиқи зиндагии мардуми маҳалҳо бошанд ва посухгӯи меъёрҳои экологӣ ва барномаи иҷтимоӣ - инсоншиносии ҷиҳати тақвият ва рушди имконоти инсонӣ ва касбии ҳар қаламрав.
Ҷумбиши байнулмилалии рушд ё тавсеъа рисолати худро дар ба вуҷуд овардани қишре медонад, ки дар қаламрави пасошуравӣ, масъулияти ҳамгироии инқилобӣ дар АврОсиё ва бунёди кишвари бузурги навро бар уҳда бигиранд