Киштиҳои ҷангии 30 кишвар ба соҳилҳои Ирон ҳаракат мекунанд

Хабари хуб 24.09.2012 19:20

kishtihoi_jangiКиштиҳои ҷангии 30 кишвари ҷаҳон дар ҳоли ҳаракат ва ҷобаҷоӣ дар обҳои соҳилии Баҳрайн дар халиҷи Форс ҳастанд.

Қарор аст ин киштиҳо таҳти раҳбарии Амрико дар размоише барои минрӯбӣ ширкат кунанд.

Ин амалиёт бузургтарин размоиши дарёӣ хонда мешавад, ки то кунун дар минтақаи Ховари Миёна баргузор шуда ва ҳадафи аслии он муқобила бо таҳдиди минҳои дарёӣ аст.

Мақомоти нерӯи дарёии Амрико гуфтаанд, ки киштиҳо дар ин размоиш, вокуниш ба минаҳои дарёӣ ва низ поксозии масирҳои дарёӣ (аз мина) барои барқарории раванди озоди омаду рафти дарёиро тамрин хоҳанд кард.

Бар асоси гузоришҳо, баргузории ин размоиш то рӯзи 27 сентябр идома хоҳад дошт.

Нерӯи дарёии наздик ба 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Бритониё, Фаронса, Ҷопон, Урдун ва Зеланди Нав аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин размоиш ҳастанд.

Ирон эълом кардааст, ки раванди ин размоишро зери назар дорад.

Ромини Меҳмонпараст, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Ирон, пеш аз ин гуфта буд, ки размоишҳои низомӣ "ҳар чи ба маҳдудаи сарзамини мо наздик бошад, бодиққати бештаре зери назари масъулони марбута қарор хоҳад дошт."

Ӯ изофа кард: "Мо барои ҳифзи амнияти минтақаи бисёр истротежики халиҷи Форс башиддат ҳассос ҳастем. Ҳар навъ ҳаракатеро зери назар дорем ва нерӯҳои дифоии кишварамон низ бо анҷоми размоишҳои мухталиф дар садади ҳифзи субот ва амнияти ин минтақа ҳастанд".

Пеш аз ин бо авҷ гирифтани ихтилофоти Ирон бо кишварҳои ғарбӣ бар сари фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар, бархе мақомоти расмии Ирон таҳдид карданд, ки дар сурати сар задании ҳар гуна даргирӣ, тангии Ҳурмузро, ки вурудгоҳи аслии халиҷи Форс ба шумор меравад, мебанданд.

Тангаи Ҳурмуз масири убуру мурури нафткашҳое аст, ки наздик ба 40 дарсади нафти хоми содиротии дунё аз масири дарёро мегузаронад мекунанд.

Бо ин ҳол, мақомоти расмии нерӯи дарёии Амрико таъкид кардаанд, ки баргузории ин размоиш ба ҳеҷ кишвари мушаххасе иртибот надорад ва вокунише ба таҳдидҳои Ирон барои бастани масири тангии Ҳурмуз низ нест.

Гуфта шудааст, ки дар солҳои ахир чандин куштӣ дар минтақа бар асари инфиҷороти "бомбҳои оббурд" (ки дар обҳои озод гузошта мешаванд) осеб дидаанд. Аз ҷумла дар соли 2010 як нафткаши ҷопонӣ дар даҳонаи халиҷи Форс бар асари инфиҷоре, ки далели он эълом нашуд, осеб дид.

Баҷуз халиҷи Форс, барои баргузории чунин размоише дар халиҷи Адан, дарвозаи вурудии дарёи Сурх, ҳам барномарезӣ шудааст. Ин минтақа низ ба далели фаъолияти дуздони дарёии Сомалӣ мавриди таваҷҷуҳ аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97