Ҳушдори Амрико аз даргирии миён Чину Ҷопон

Хабари хуб 21.09.2012 18:24

jaziraИёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди эҳтимоли оғози даргирии низомӣ дар шарқи Осиё ҳушдор додааст.

Заминаи ин ҳушдор идомаи тазоҳуроти зиддиҷопонӣ дар Чин будааст, ки дар пайи муноқиша бар сари чанд ҷазира дар Баҳри шарқии Чин роҳандозӣ шудааст.

Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико гуфтааст, ки тазоҳуроти таҳрикомез метавонад мунҷар ба иштибоҳи сиёсӣ шавад, ки сар задани буҳрони низомиро дар пай хоҳад дошт.

Рӯзи якшанбеи 16 сентябр дар Чин тазоҳуроти густардае баргузор шудааст, ки ширкаткунандагон дар он хостори муҷозоти Ҷопон шудаанд.

Дар шаҳри Шэчжен, дар вилояти Гуандун дар ҷануби Чин пулис тазоҳуркунандагонро бо истифода аз гози ашковар ва дастгоҳҳои обпош мутафарриқ кардааст.

Чин мегӯяд ҷазираҳои Сенкаку ва Дяоюйтай ҷузъе аз қаламрави ин кишвар ҳастанд. Ин ҷазираҳо, ки дар Ҷопон бо номҳои дигар ёд мешаванд, мавзуъи ихтилофоти марзӣ миёни Ҷопон, Чин ва Тайван шудаанд.

Ҳафтаи гузашта ҳукумати Ҷопон тасмим гирифт, ки ин ҷазираҳоро аз моликони ҷопонии онҳо бихарад. Ин ҳол боиси эътирозҳо дар Чин шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97