Муовини Медведев Тоҷикистон меояд, Путин Қирғизистон

Хабари хуб 19.09.2012 10:06

IgorБино ба хабарҳо, Игор Шувалов, ноиби аввали сарвазири Русия барои баҳси ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон ба Душанбе меояд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ дар мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, Игор Шувалов, ноиби аввали сарвазири Русия, бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон хоҳад омад. Ин сафари ҷаноби Шувалов дар рӯзҳои 20-21-уми сентябр иттифоқ хоҳад афтод.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, Игор Шувалов бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот карда, масъалаи иҷрои қарордодҳои ду кишварро баррасӣ намояд. Интизор меравад, мавзӯи лағви боҷи гумрукӣ барои воридоти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон низ дар ин дидор баҳс шавад.

Ин сафари Шувалов дар ҳоле дар назар гирифта шудааст, ки қарор аст, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба Душанбе биёяд. Хабаргузориҳои Русия менависанд, масъалаи аслӣ дар мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия сарнавишти минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки мӯҳлати будубоши он дар соли 2014-ум ба поён мерасад.

Дар давоми як моҳи гузашта ду навбат гурӯҳи кории Русия зери раҳбарии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов барои тамдиди ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар ба Душанбе сафар карда, бо ҳайати кории Тоҷикистон музокирот пеш бурд.

Ба дунболи сафари ахири муовини вазири дифои Русия дар ҳафтаи гузашта, хабаре ба нашр расид, ки зоҳиран тарафҳо барои  ҳузури ин пойгоҳ ба муддати сӣ сол тавофуқ ҳосил кардаанд.

Сафари муовини Медведев ба Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки қарор аст Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи 19 сентябр аз Қазоқистон ва 20 сентябр аз Қирғизистон боздид хоҳад кард.

Владимир Путин дар шаҳри Павлодар дар раъси як ҳайъати давлатӣ дар ҳамоиши 9-уми ҳамкориҳои байниминтақавии Русияву Қазоқистон ширкат варзида, аз ин ҷо озими Бишкек хоҳад шуд.

Мудири шӯъбаи равобити хориҷии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон Сафар Исҳоқов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ сафари рӯзи 20 сентябри Путинро тасдиқ карда, гуфтааст, феълан ниҳодҳои марбута маҷмӯъи асноди заруриро барои имзои тарафҳо омода мекунанд.

То охирин лаҳазот мақоми ин сафар маълум набуд, ки сафари расмист, корӣ ё ғайрирасмӣ. Сафорати Русия дар Бишкек қаблан гуфта буд, ки Путин барои як рӯз ва бо сафари ғайрирасмӣ ба Қирғизистон хоҳад омад. Аммо расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, ин сафари якрӯза, вале корист, чунки дар ҷараёнаш имзои дастикам 6 қарордоди ҳамкорӣ байни Маскаву Бишкек дар назар дошта шудааст.

Вечерний Бишкек хабар дод, ки то кунун мӯҳтавои 4 созишнома маълум аст, ки қарордодҳои бунёду истифодаи нирӯгоҳи дувуми Қамбар-Ота, сохтмони силсилаи ниругоҳҳо дар қисмати болоии рӯди Норин, таҳкими равобити ҳампаймонӣ байни ду кишвар ва ҳам созишнома дар мавриди мақоми пойгоҳи муштараки низомӣ дар Қирғизистонро дар бар хоҳанд гирифт.

Маскаву Бишкек дар мавриди шева ва шароити ҳамкорӣ дар ин масоил дар ҷараёни сафари рӯзи 21 августи муовини аввали сарвазири Русия Игор Шувалов ба тавофуқ расиданд.  Замони қарордоди 4 пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон дар соли 2017 ба поён мерасад. Қирғизистон монанди Тоҷикистон барои тамдиди замони ҳузури пойгоҳҳои Русия пули иҷора мехост, вале бино ба ахбори расида, ду ҷониб усулан тавофуқ кардаанд, ки баъд аз соли 2017 ин пойгоҳҳо барои 15 соли дигар иҷозаи ҳузур пайдо мекунанд ва аз пардохти пули иҷораву ҳаққи хадамоти коммуналӣ ва ҳатто пули як миқдори муайяни нируи барқ  озод хоҳанд шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97