Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ даргузашт

Хабари хуб 16.09.2012 09:15

SHakuriУстод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. академик,  донишманди бузурги миллати тоҷик, олими фарҳехта ва озода субҳи барвақти имрӯз дар сини 87 аз дунё гузашт аст. Ин бузургмарди фарзона ва нуктадон  соли 1925 дар хонадони қозикалони охирини Аморати Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба дунё омадааст. Мавсуф Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945 хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи "Тоҷикистони  сурх" оғоз намудааст.


​​Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намуда, дар  ин муддат беш аз 500 матлабу мақола ва 45 асари таҳқиқотии гаронарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва оид ба масоилу мушкилоти забони тоҷикӣ ба нашр расонидааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.
Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989 буд. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду доктори улуми таърих ва филологияанд, ки дар Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи Ҷойизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соҳиби Ҷойизаи Чеҳраи мондагори Ҷумҳурии Исломии Ирон буд. Даргузашти Устоди донишманду соҳибназар, инсони фарзонаву бедордил бешак талафоти бузурги миллати точик ва илму фарҳанги Тоҷикистон аст. «Миллат» ин мусибати гарони ҷуброннопазирро барои ҳама афроди огоҳу донишвари ҷаҳони форсигӯ таслият гуфта ба пайвандони Устод сабри ҷамил мехоҳад. Манзили ахиратат обод ва ҷоятон ҷаннат бод Устрди донишвару меҳрабони мо, донотарин марди миллат!

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97