Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки бо сабаби хуруҷи беморӣ тайи чанд рӯзи охир дар бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе бистарӣ буд, ба шуъбаи реаниматсия ё эҳёи ин бемористон бурда шуд.
Вазъи саломатии устодро табибон нигаронкунанда хондаанд.
Устод Шакурӣ солҳои зиёдест, ки аз бемории гурда ранҷ мебарад. Ва тайи як соли ахир дар Эрон ва Бритониё муолиҷа гирифтааст.
Дар моҳи июни имсол Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз хурӯҷи беморӣ барои табобат ба Эрон рафта буд. Қабл аз сафари Эрон вай муддате дар бемористони Ибни Сино, бемористони муштараки Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бистарӣ буд.
Академик Шакурӣ аз соли 1996 ба ин сӯ узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Теҳрон аст. Соли 2005 ӯ ба унвони "Чеҳраи мондагор" дар Эрон баргузида шуд.
Китоби маъруфе, ки ба шахсияти устод Шакури бештар машруъият бахшид, "Хуросон аст инҷо" ном дорад.
Аммо дар гӯшае аз Хуросони бузург, Тоҷикистон аз вазъи саломатии ин фарзанди фарзона на аз радио ва на телевизиони давлатиаш сару садое шунида намешавад, шояд аз он рӯ, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон расм нашудааст, то раиси ҷумҳураш аз ҳоли бемори абармарди донишманд пурсон кунад ва ё ба хабаргириаш бемористон биёяд.
Ҳоло аз раиси ҷумҳур агар бигзарем, баъид аст, ки ҳатто вазири тандурустии Тоҷикистон ба аёдати Муҳаммадҷон Шакурӣ пири андешаманди тоҷик омада бошад.
Худованд ба бахти тоҷик ин пири донишмандро тансиҳат гардонад!