Яке аз аъзои тими вижаи ҳамла ба махфигоҳи Усома бини Лодан иддаъо мекунад, раҳбари ал- Қоъида андаке пеш аз вуруди сарбозон ба утоқаш худкушӣ кардааст.
Ал - Қоъида дар пайи интиқом аз "қотили бин Лодан"
Нависандаи китоби "Рӯзи душвор" худро бо номи мустаори Марк Оуэн муаррифӣ мекунад ва муддаъӣ аст, дар сафи нахусти ҳамла ба махфигоҳи раҳбари собиқи ал - Қоъида будааст. Шабакаи хабарии "Фокус нюз" ҳафтаи гузашта, вақте хабари интишори ин китоб дар расонаҳо мунъакис шуд, ҳувияти воқеъии ин сарбозро ифшо кард. Мутобиқи ин гузориш, нависанда Мот Бисунат, узви пешини тими вижаи нируи дарёӣ ва 36 сола аст.
Дар рӯзҳои гузашта аксе интишор ёфт, ки гуфта мешавад, мутаъаллиқ ба Мот Бисунат аст. Ӯ дар бархе аз гузоришҳо "Қотили Усома бини Лодан" муъаррифӣ шудааст. Дар пайи интишори ин акс сайтҳои наздик ба шабакаи террористии ал - Қоъида хостори қатли Бисунат шуданд.
Акнун як нашрияи амрикоӣ мегӯяд, ба нусхае аз ин китоб даст ёфта ва дар он сӯҳбат аз худкушии бин Лодан пеш аз ҳуҷуми сарбозони амрикоӣ ба утоқи маҳалли сукунаташ дар миён аст.
Худкушии бин Лодан пеш аз вуруди сарбозон
Китоби "Рӯзи душвор" 11 сентябри 2012, баъд аз ёздаҳ сол аз ҳамлаи террористии ал - Қоъида ба Ню - Йорк ва Вашингтон, ба бозор арза шуд. Зоҳиран Мот Бисунат дар ин китоб навиштааст, замоне ки ӯ ва яке дигар аз камондуҳои амрикоӣ ба унвони нахустин афроди тими вижа вориди утоқи раҳбари ал - Қоъида дар табақаи дуюми иморати махфигоҳи Абатобод шуданд, ӯ мурда будааст.
Ба гузориши нашрияи "Ҳофинг пост", Мот Бисунат менависад: "Мо ба охирин табақаи иморат расида будем, ки садои шилики гулӯлаҳоро шунидам". Ба навиштаи "Шпигел онлайн" ин нашрия ба нақл аз китоби "Рӯзи душвор" навишт: Бини Лодан пеш аз расидани сарбозони амрикоӣ кори худро тамом карда буд, "ҷисм ва мағзи муталошӣ шуда канори шақиқааш пайдо буд ва баданаш ҳанӯз муташанниҷ буд".
Ривоятҳои зидду нақизи расмӣ
Нашрияи амрикоӣ ба нақл аз Бисунат менависад, ӯ ва яке дигар аз сарбозони нируи дарёӣ пеш аз вуруд ба утоқи бини Лодан чанд гулӯла ба синаи ӯ заданд. Дар гузоришҳои расмӣ гуфта мешавад, раҳбари ал - Қоъида дар ҷараёни даргирӣ бо кумондуҳои амрикоӣ ҳадафи гулӯла қарор гирифтааст. Дар аксҳое, ки аз ҷасади бин Лодан мунташир шуд, сурати ӯ ба шиддат захмӣ аст.
Мот Бисунат дар китоби худ гузоришҳои қаблӣ дар мавриди ҷузъиёти амалиёти ҳамла ба Абатободро ба филмҳои бади ҳодисае ташбеҳ мекунад ва менависад, мо на рӯ ба рӯи бин Лодан қарор гирифтем ва на даргириҳо 40 дақиқа тӯл кашид. Изҳороти пешини мақомҳои давлати Амрико дар мавриди ҷузиёти ин амалиёт дар баъзе ҳолатҳо зидду нақиз будааст. Чанд рӯз пеш аз ин амалиёт Ҷӣ Корунӣ, сухангӯи Кохи Сафед бо истинод ба гузориши Вазорати дифоъ гуфта буд, раҳбари собиқ ал - Қоъида ҳангоми юриши сарбозони амрикоӣ мусаллаҳ будааст. Ин дар ҳоле аст, ки андаке пеш аз он Ҷон Убарнон, мушовири аршади зидди терроризми Барак Обама мусаллаҳ будани бин Лоданро такзиб карда буд.
Интишори китоб дар остонаи интихоботи призидентӣ
Ба навиштаи "Шпигел Онлайн" интишори ин китоб дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябр метавонад барои Обама паёмадҳои нохушоянде дошта бошад. Бинобар ин гузориш Мот Бисунат дар китоби худ аз тасмими Обама барои ҳамла ба махфигоҳи раҳбари ал - Қоъида мухолифат карда, аммо дар айни ҳол меафзояд, барои тими вижаи нируи дарёии ҳамон замон низ мушаххас буд, ки раиси ҷумҳури Амрико пирӯзӣ бар бин Лоданро ба номи худ сабт хоҳад кард.
Мақомҳои низомии Амрико пештар ҳушдор додаанд, дар сурате ки асрори маҳрамонае дар ин китоб ифшо шавад, алайҳи нависанда ва ношир иқдом хоҳад кард. Ношири китоб, ки яке аз зермаҷмуъаҳои муассисаи интишоротии "Пингуин" аст, мегӯяд, бо як ҳуқуқдон машварат кард, то мутмаин шавад ҳеч бахше аз китоб амнияти миллиро ба хатар намеандозад. Ҷорҷ Литл, сухангӯи Вазорати дифоъи Амрико ахиран тайид кардааст, ки ин вазоратхона нусхае аз ин китобро пеш аз интишор дарёфт кардааст. Зоҳиран, ба назари Вазорати дифоъ китоби Мот Бисунат ҳовии иттилооти маҳрамонае нест, ки ифшои он боиси муҷозот бошад. Бо ин ҳама, ин тозатарин ривоят аз чи гунагии марги яке аз хатарноктарин террористҳои ҷаҳон аст, ки бархе аз гузоришҳои расмиро беэътибор ҷилва медиҳад.
Давиҷа Вила