Қазоқҳо рӯ ба Хонаи Худо, мо рӯ ба ҷаҳаннам

Хабари хуб 14.09.2012 14:18

masjid"Islamworldnews" хабар додаст, ки Идораи мусалмонони Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти Остона тарҳеро ироа кард, ки бар асоси он тамоми қиморхонаҳои ин шаҳр бекор карда шуда ва ба ҷойи онҳо масҷид сохта хоҳад шуд.

Дар робита ба ин мавзӯъ раисҷумҳури Қазоқистон ба тозагӣ пешниҳод кард, ки ба ҷойи яке аз қиморхонаҳои бузург, ки фаъолияти он манъ шуда буд, масҷиде бунёд гардад.

Тибқи ин фармон, Идораи динии мусалмонони Қазоқистон дар сохти ин масҷид, ки бояд то апрели 2014 м ва дар шаш ҳазор метри мураббаъ бино шавад, назорат хоҳад кард.

Давлати Қазоқистон дар соли 2007 м қасд дошт, бузургтарин маркази тафреҳии Осиёи Миёна, ки бахши зиёде аз он қиморхона будро аз нав бунёд кунад, аммо эътирози густурдаи мусалмонони ин кишвар сабаб шуд, ки давлат на танҳо он тарҳро манъ кард, балки тамоми қиморхонаҳои фаъолро низ бекор кард.

Ин дар ҳолест, ки дар он замон дар шаҳри Алмаата 37 қиморхона ва дар маҷмӯъ 141 қиморхона дар Қазоқистон фаъолият мекард.

Ҷамъияти Қазоқистон дар ҳоли ҳозир афзун бар 26.5 миллион нафар аст, ки беш аз 71 дарсади онро мусалмонон ташкил медиҳанд.

Қиморхонаҳои Қазоқистон дар ҳоле ба Хонаи Худо табдил мешаванд, ки дар Тоҷикистон ба хотири сӯистифода аз ислом ва гаравидан ба ҷараёнҳои мазҳабии гуногуни тундрав дари масҷидҳо ба рӯйи мусулмонони кишвар бештар баста мегарданд. Барои ҷавонони тоҷик, дигар роҳе на ба сӯи Хонаи Худо гузоштаем ва на ба сӯи тарабхона, роҳе, ки мераванд ё ба зиндон аст, ё ба истиқболи марг ва ё ба Туркистон.  
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97