10=49-30 Баҳси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон идома дорад

Хабари хуб 12.09.2012 20:55

Anatoli_AntonovҶониби Русия хостааст, ки мӯҳати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон аз 30 сол кам набошад.

Як манбаи наздик ба ҳукумат ба радиои Озодӣ гуфтааст, ин пешниҳод ва ҳам дигар шароити будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар музокироте, ки дар Душанбе ҷараён дорад, баррасӣ шудааст.

Ин манбаъ афзудааст, дар ин музокирот танҳо ҷонибҳо метавонанд ба тавофуқ расанд, ҳуҷҷате имзо нахоҳад шуд. Пас аз анҷоми он эҳтимол дорад сарвари ҳайати Русия Анатолий Антонов, муовини вазири дифоъи он кишвар бо раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳур мулоқот анҷом диҳад, хабар додаст ин манбаъ.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Русия қаблан мехост, ки ҳузури пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ба 49 сол тамдид шавад, аммо Тоҷикистон мехост ин мӯҳлат 10 сол бошад.

Ин дувумин музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия тайи як моҳи ахир маҳсуб мешавад. Пас аз музокироти гузашта, ки 9-уми август дар Душанбе баргузор шуд, Анатолий Антонов зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба имзои созишнома наздик шудаанд ва он ҳам ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Бо ин ҳол, бархе манобеъ мегӯянд, матни созишнома дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон имзо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004-ум дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд.

Аммо Тоҷикистон боз ҳам мехоҳад ба муддати 10 сол созишнома ба имзо расонад, ки ин ҷониби Русияро қонеъ насохтааст ва Русия дар талош аст, муҳлати буду боши пойгоҳаш дар Тоҷикистон барои дарозмуддат бошад. Қаблан ҷониби Тоҷикистон аз пардохти маблағ барои буду боши ин пойгоҳ дар сатҳи мақомоти баландмартаба суҳбат мекард, аммо дар ин авохир ҳеч сару садое дар ин бора шунида намешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97