Ба Путин итоат накунед, қонунро риоя кунед!

Хабари хуб 11.09.2012 14:04

Итоъат аз Худову риоят ба қонун кунед

eshon_nurШайх Саъдӣ мефармояд;

Тараҳҳум бар паланги тездандон,

Ситамкорӣ бувад бар гӯсфандон.

Ё ҷойи дигар дар "Гулистон" ишорае дорад: "Хашми беш аз ҳад гирифтан ваҳшат орад ва лутфи бевақт ҳайбат бибарад, на чандон дуруштӣ кун, ки аз ту сер гарданд ва на чандон нармӣ кун, ки бар ту далер шаванд".

Чанде пеш аз Интернет навори суханронии эшони Нуриддинро, ки тайи сафари хеш ба Русия бо муҳоҷирони кории тоҷик доир карда буд, тамошо намудам. Ҷанобашон муҳоҷиронро ба итоъат аз президенти Русия ҷаноби Путин даъват мекарданд ва иброз медоштанд, ки гӯё ҷониби Русия барои муҳоҷирон ва фазои баргузории маросимҳои динниашон озодиҳое эҳдо карда бошад. Дар воқеъ бо баргузории ҳар гуна ҷамъомаду чорабиниҳо, хоҳ дар дохили кишвар ё дар берун аз кишвар, навобаста аз он ки ин чорабиниро раисону мансабдорон баргузор мекунанд, ё намояндагони маориф, ё академику муллое, дар асл муҳтавои суханҳояшон гирди ду вожа итоъату шукр аз раисону мансабдорон бештар чархиш мехӯрад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ин тоифаи соҳибҷоҳу мансаб мардуми оддиро ба итоъат ва шукр намудан таблиғ мекунанд? Оё ҷоиз аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз Путин итоъат кунанд? Ё худ вожаи итоъат ба чи маъност?

Ин чиз мусаллам аст, ки чи дар кишвари худ ва чи дар кишвари хориҷ, хусусан Русия хоҳ нохоҳ қавонини мавҷударо риоят бояд намоем. Мардум ва шаҳрвандон набояд аз Путин ва на ягон шахси алоҳида, навобаста аз он ки чи мансаберо дорост, итоъат кунанд, балки шакли дурусти ибора ин аст, ки одамон бояд қавонинро на итоъат ва на иҷро, балки риоят кунанд.

Шуруъ аз макотиби ибтидоӣ аз усули нодурусти таълим, ки таълими илм дар макотиби мо ба гуфти равоншинос Маҳмуд Кабирӣ,  бо усули тоталитарӣ гузаронда мешавад, дар зеҳни наврасон хӯи итоъату бардагиро ҷой мегузорад.

Итоъат аз худову Расул, итоъат аз саҳобаву тобиъин, итоъат аз муллову эшон, итоъат аз муаллиму маориф ва албатта итоъат бечуну чаро аз раисону мансабдорону прокурору милиса, мардуми тоҷикро чунон ба итоъаткорӣ омӯхта сохтааст, ки дигар ҳатто ронандаи "старекс"-ҳои чиркин ва пулчинаки рӯйношуста низ  ба худ ин иҷозаро медиҳанд, ки бар сари мардум амр кунанд. Онҳо беибо ба худ иҷоза медиҳанд, ки ҳам ҳаққи шаҳрвандонро бихӯранд ва ҳам онҳоро таҳқир кунанд.

Дигар вожае, ки такрор ба такрор аз забони мансабдорон шунида мешавад, ин ибораи шукр кунед», аст. Акнун суол ин аст, ки чаро мардум бояд «шукр кунанд? Дар кадом банди Сарқонун банди шукргузорӣ дарҷ ёфтааст? Ин як. Дувум ин ки чаро шукр кунанд? Магар шукр аз бекорию бебарқию хонаҳои сарду беоб? Шукр аз муҳоҷирате, ки ҳар сол даҳҳо ҷасади беҷони ҷавони зебои тоҷик оварда мешаваду дар моргҳои Русия хобанд? Шукр аз нимсерию гуруснагӣ?

Раисону мансабдорон ва муллоҳо шукр бояд шумо ва фарзандонатон кунед, ки дар хонаҳои чандошёнаи дар тобистон салқину дар зимистон гарму писаронатон дар мошинҳои гаронбаҳо гашту гузор доранд. Шумо ҷанобон бо ин ҳама дастархонҳои пур аз нуқлу анвоъи шириниҳо шукр накарда, ҳар лаҳза даст ба фасоду ришвахорӣ дароз мекунед ва мардуми фақирро, ки ба ғайр аз пораи ноне, шояд он ҳам баъзан вақт дар дастархонашон нест, ба шукр намудан ташвиқу тарғиб менамоед. Чунон ки аз бархӯрди мансабдорон бо мардум мушоҳида мешавад, ин тарз муомала ба муомалаи хоҷаю ғулом шабоҳат дорад. Шояд ҳанӯз андеша доранд, ки дар асрҳои миёна зиндагӣ доранд? Итоъат аз қонунро бояд худ ва фарзандонатонро омӯзед, ки тайи чанд зери чархи мошинҳои фарзандони шумо мансабдорон чандин кас ҷон доданд. Дигар ин мардуми оддӣ чи дорад, ки шукр кунад? Ва дигар киро итоъат кунад? Ҷо дорад, ки ҳар Сухан ва ибораро ба мавқеъ истифода бояд намуд. Ва ба ҳеч фарде иҷоза дода нашудааст, ба ҷуз баъзе ҳолатҳои истисноӣ, ки аз номи мардум Сухан гӯяд ва мардуми аз меҳнату ранҷ хастаи тоҷикро ба шукру итоъат даъват намояд. Магар фазои мусоиди эҷодкардаи Путин барои муҳоҷирони корӣ ҳамин аст, ки қариб 50 фисади ҳаққи музди онҳо пардохта намешавад ва аз инҳо дида, фазои мусоидтар ба ҷойи хоб таъмин намудани муҳоҷирон бо таҳхонаҳои намноку вагонҳои сард? Ҷойи муҳоҷиронро ба итоъату шукр даъват намудан аз ниҳодҳои зирабти ин давлат тақозо кардан лозим аст, то ҳуқуқи мардуми оддӣ нақз карда нашавад ва он ҳаққи коре, ки ҳамагӣ 50 фисадашро ҳам корфармоён намепардозанд, пардохта шавад. Бас аст дигар итоъат кардану шукр намудани беҷо.

Ҷамшеди Ќувват

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97