Оташсӯзӣ дар Корвон, эътирози мардум ва фирори раиси бозор

Хабари хуб 06.09.2012 15:30

korvonМаҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо саводгарони эътирозгари бозори Корвон муолоқот кард. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, тамоми соҳибкороне, ки аз бонкҳо қарз гирифта, машғули тиҷорат буданду дар сӯхтори ахири "Корвон" зарар дидаанд, мӯҳлати бозгардонии қарзҳояшон тамдид карда хоҳад шуд.


Убайдуллоев ҳамчунин ваъда додааст, ки зиёни соҳибкоронро аз ҳисоби амволу дороиҳои раиси бозор Нуршед Машрабов ҷуброн хоҳанд кард. Аммо гуфта мешавад, ки раиси бозори "Корвон" ба Дубай фирор кардааст. 
Шаҳрдори Душанбе афзуд, ба ин манзур комиссияи вижа ё махсус ҳам созмон дода мешавад, ки ин ҳодисаро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард. Аммо бо ин ҳам мардум ором нестанд ва бархеи онҳо мегӯянд, ки ба суолҳои худ посухе дарёфт накардаанд.
Аз ин пештар, тақрибан 500 нафар аз тоҷирони норозии бозори "Корвон" ба самти марказ ҳаракат доштанд. Мақомот аз рафтани онҳо ба майдони марказии шаҳр ҷилавгии намуда ва онҳоро ба бозори Корвон равон намуданд, чое ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бо онҳо мулоқот намуд.

Вале ба ҳар ҳол, як гурӯҳи хурди тоҷирони норозӣ дар назди бинои шаҳрдории Душанбе ҳозир шудаанд. Муовини раиси шаҳри Душанбе ин афродро ба ҳузур пазируфтааст ва тоҷирон пас аз тафтиши нерӯҳои амниятӣ вориди бинои шаҳрдорӣ мешаванд.

Садҳо тоҷири бозори "Корвон" аз сӯхтори ин бозор дар рӯзи 5-уми сентябр ба хашм омада, аз мақомот талаб доранд, ки иллати сӯхторро барояшон шарҳ бидиҳанд. 

 Ҳоло шумори афроди норозӣ боз ҳам бештар шуда, фарзандону наздикони аз сӯхтор зарардида ба афроди норозӣ ҳамроҳ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов, ба хабаргузории "ИТАР-ТАСС" гуфтааст, дар пайи сӯхтори бозори "Корвон" як нафар ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо шоҳидони воқеа рӯзи панҷшанбе, 6-уми сентябр, сӯхтори бозори "Корвон"-ро бештар гуфтанд.

Ҳамчунин бархе дигар аз фурӯшандаҳо нақл кардаанд, ки як зани дигар барои гирифтани колои худ вориди бозор шуда, дигар берун наомадааст. Ба нақли шоҳидон, шаби гузашта, ки ҳамоно сӯхтор идома дошт, бисёре аз мардум дар талоши наҷот додани молу колои худ буданд ва маълум нест, ки теъдоди талафоти ҷонӣ чанд аст.
Субҳи 6-уми сентябр садҳо соҳибкору фурӯшандаи бозори "Корвон" дар Душанбе дар назди дафтари мудири ин бозор ҷамъ омада, талаб карданд, ки сабаби оташсӯзиро шарҳ диҳад ва дастандаркорони ин амалро пайдо намояд.

 Ин бори  аввал нест, ки бозори Корвон месӯзад. То кунун сабаби оташсузии ахир аз сӯи мақомот эълон нашудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97