Эшони Тураҷонзода: Аз Путин итоъат кунед

Хабари хуб 05.09.2012 19:38

eshon_nurЭшони Нуриддини Тураҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик, ки бо даъвати бархе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ба он кишвар рафтааст, дар мулоқоти нахустини худ бо муҳоҷирон, онҳоро ба риояи қавонини он кишвар ва парҳезкорӣ аз корҳои ношоиста даъват намуд.

Эшони Нуриддин аз ҷумла гуфтааст, ки муҳоҷирон вазифа доранд, ки қонуну тартиби кишвари мизбонро муроот кунанд. Оқои Тураҷонзода, аз ҷумла аз Путин ба хотири додани озодиҳои мазҳабӣ ситош карда ва афзудааст: "Хеле ҳукумати Русия ҳукумати хуб аст. Хеле ҳукуматаш сиёсаташ сиёсати одилона аст. Хусусан Путин, Худованд ҳидояташ кунад, барои озодии дин хеле васеъгиҳо додагӣ аст, кушодиҳо додагӣ аст. Бинобар ҳамин ҳамеша аз қонунҳояшон риоя кунед."

Бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тураҷонзода рӯзи 27 августи соли ҷорӣ бо даъвати муҳоҷирини муқими Русия ба он кишвар сафар кардаанд. Аз ин пеш низ, сафари ?оҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Эшони Маҳмуди Тураҷонзода ба минтақаҳои гуногуни Русия сурат гирифта буд.

Эшони Нуриддини Тураҷонзода дар соли гузашта дар пайи як баҳси Кумитаи дин, Шӯрои уламо ва масҷиди Муҳаммадия аз имомхатиби ин масҷид барканор шуд. Баъдтар бо қарори додгоҳ мақоми масҷиди ҷомеъ аз Муҳаммадия гирифта шуд ва ҷумъахонӣ ва амри маъруф дар ин масҷид мамнуъ шуд.

Бародарон Тураҷонзодаҳо қасд доранд, аз чанд шаҳри дигари Русия низ дидор ва бо муҳоҷирон мулоқот кунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97