Эмомалӣ Раҳмон Ислом Каримро табрик кард

Хабари хуб 01.09.2012 17:19

rahmonov_i_karimovПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати солгарди истиқлолияти ин кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

«Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич!

Солгарди истиқлоли миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имкони муносибе фароҳам меорад, то Шумо ва халқи кишвари Шуморо бо ин санаи таърихӣ табрик намоям.

Тоҷикистон ҷонибдори мутмаини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар, ки ба усулҳои эътимоди  мутақобила, ҳуқуқи баробар  ва эҳтироми ҳамдигар, анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, боқӣ хоҳад монд. Мо бовар дорем, ки чунин ҳамкорӣ на фақат ба манфиати кишвару халқҳои мост, балки умуман ба манфиати минтақа низ хизмат мекунад. Дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумо, мӯҳтарам  Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбиҳо, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям.»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97