Бузургтарин бунгоҳи хабарпароканӣ ВВС дар Тоҷикистон даснорас шуд

Хабари хуб 30.07.2012 10:56

bbcПас аз зуҳри рӯзи 29 июл дастрасӣ ба сайти Би-би-сӣ, Помир- вести ру ва чанд сайти маъруфи русӣ дар Тоҷикистон номумкин гардид. Кабл аз он пойгоҳи хабарии Лента ру низ дар Тоҷикистон дастнорас шуда буд.

Гуфта мешавад, ин амал бо дастури расмии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо ин Хадамот, ки масдуд кардани сайтҳои хабарӣ аз шеваи маъмулии фаъолияташ дар ин охирҳо шудааст, дар ин бора изҳори назаре накардааст. 

Агарчӣ созмонҳои мудофеъи озодии баён ва намояндагиҳои дипломатии мудаъии пуштибони ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Тоҷикистон  низ дар ин маврид изҳори назар накардаанд, аммо хеле аз корбарони анкабути ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маҳдуд кардани дастрасӣ ба ин сайтҳоро пахши хабарҳое аз воқеияти саҳнаи ҷанг дар Хоруғ маркази Бадахшон арзёбӣ мекунанд.

Бахши русии Би-би-сӣ танҳо расонаи фаъоле буд, ки аз замони шуруъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ лаҳза ба лаҳза дар ин бора хабар нашр мекард ва фазои холии иттилоотро пур мекард. Фазои иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле холист, ки давлат  расонаҳои зиёдеро, аз қабили 4 канали саросарӣ ва моҳвораии телевизион ва чандин радиову нашрияҳоро дар ихтиёр дорад ва мардуме, ки ба интернет дастрасӣ надоранд, одатан хабарҳои тозаро аз минтақаи доғ тавассути «Занакҳои лаби об» дастрас мекунанд ва ё аз телевизионҳои моҳвораии хориҷӣ. Дар ин муддат, ки як теъдоде аз сарбозони давлатӣ дар амалиёти низомии Хоруғ кушта шудаанд, телевизиони Тоҷикистон аз пахши аслитарин барномаҳои худ, ки барномаи консертӣ мебошад, даст накашидааст.     

Аммо масдуд шудани сайтҳои ба назари давлат номақбул ба пахши сабти видеое аз саҳнаи кушта шудани як нафар ғайринизомӣ аз сӯйи аскарони давлатӣ дар ин сомонаҳо шояд рабт дорад.

Қаблан дар дувумин рӯзи амалиёти низомӣ сайти хабаргузории Азия плюс аввал ба рӯи корбарон баста шуда, пас аз як шабонарӯз дубора дастрас шуд.  Хадамоти алоқа ҳамчунин шабакаҳои Youtube.com ва  Twitter-ро низ барои мардуми Тоҷикистон дастнорас кардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97