Таҳаввулоти охири Хоруғ

Хабари хуб 29.07.2012 10:50

khorogБино ба охирин иттилоъи дарёфтӣ аз Хоруғ, маркази ВМБК феълан авзои шаҳр ором аст ва садои тирпаронӣ ба гуш намерасад. Даргирие, ки шоми гузашта оғоз шуда буд, баъди як муддат дубора хомӯш шуд. Гуфта мешавад ҷонибҳои даргир дубора пушти мизи музокира нишастаанд.

Хабарнигори «АП» аз Хоруғ гузориш медиҳад, ки Ёдгор Мамадсаломов, фармондеҳи яке аз гуруҳҳои мусаллаҳ дархости қатъи даргириҳоро то шоми имруз, 29 июл намудааст.  

Ин дар ҳолест, ки рузи гузашта ва имруз ба навиштаи хабарнигори «Озодӣ» гуруҳе аз занони сокини Хоруғ дар назди ҳукумат ҷамъ шуда ва хостори аз маркази шаҳр хориҷ намудани неруҳо ва воҳидҳои махсуси артиш ва ба беруни шаҳр интиқол додани онҳо шудаанд.

Хабари дигаре, ки мухобира шудааст, баёнгари ин аст, ки гуруҳҳои мусаллаҳ ба таслими силоҳҳои худ оғоз кардаанд, аммо манобеъи мувассақ мегуянд, ки таслим намудани силоҳ тамоюли умумӣ надорад ва то кунун ҳамагӣ чанд силоҳ аз ҷониби неруҳои амниятӣ ва милиса ҷамъоварӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мадании дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ аз Президенти Тоҷикистон хостаанд, ки ба оғоз шудани дубораи амалиёт иҷоза надиҳад. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97