Дар шаҳри Хоруғ ҳудуди як соат аст, ки тирпаронӣ дубора шуруъ шудааст. Дар ин маврид як манбаъи муътамад аз шаҳри Хоруғ ба «Миллат» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои ин манбаъ, гуфтугӯи давлат ва гуруҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ дар мавриди таслими силоҳ ба натиҷа нарасидааст ва ин бор тирпаронӣ хеле шадидтар аз даргирии рӯзи 24 июл аст. Дар ин даргирӣ аз силоҳҳои мухталиф, БТР, БМП ва гранатомёт истифода мешавад. Нируҳои давлатӣ бовар доранд, ки ин ҳамларо болои Имомназар Имомназаров ва гуруҳи ӯ ба роҳ мондаанд.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи манобеъи мувассақ Имомназар Имомназаров ва аксари гуруҳи ӯ ин минтақаро кайҳо тарк кардаанд. Ва дар ин минтақа баъзе аз ҷонибдорони ӯ ва сокинони маҳал боқӣ мондаанд.
Нируҳои давлатӣ ба ҳар сурат бовар доранд, ки натиҷаи ин амалиёт нобудӣ ва ё боздошти Имомназаров хоҳад шуд.