Хабарнигори «АП» аз Хоруғ: Амалиёти нави низомӣ омода мешавад

Хабари хуб 28.07.2012 17:58

khorog_11Авзъои шаҳри Хоруғ ҳамчунон буҳронӣ боқӣ мондааст. Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «АП» аз шаҳри Хоруғ дар охирин мухобираи катбии худ навиштааст, ки «сарфи назар аз он ки Президент ба қатъи амалиёти низомӣ дастур додааст, воҳидҳои ҳарбӣ ва неруҳои дигари қудратӣ барои тасарруфи дубораи шаҳр омода мешаванд ва ин навбат бо истифода аз ҷангафзорҳои сангин. Сокинони шаҳр даҳшатзада ҳастанд ва намедонанд, ки чӣ гуна аз штурми навбатӣ ҷилавгирӣ кунанд».

Р. Мирзобекова навиштааст, «амалиёте, ки барои боздошти чаҳор муттаҳам оғоз шуда буд, боиси марги ҳудуди 20 сокини осоишта гашт ва мумкин аст мардуми бештареро барои ба даст гирифтани силоҳ ба манзури ҳимоят аз худ таҳрик намояд».

Тибқи ахбори дигар, шаби гузашта неруҳои номаълум ба қароргоҳи ВКД дар Хоруғ ҳамла намудаанд. Бар асари ин хамла як нафар захмӣ шудааст. Гуфта мешавад, ҳадафи ин хамла вазирони дифоъ ва ВКД будаанд, ки ба бовари ҳамлаварон он ҷо ба сар мебурданд.

Бар асоси бархе хабарҳои дигар, баъд аз зуҳри имруз мардуми зиёде ба хотири эътироз ба эҳтимоли оғози дубораи амалиёти низомӣ дар маркази шаҳр таҷаммуъ кардаанд.

Робита бо шаҳри Хоруғ мисли хамеша қатъ аст ва имкони дарёфти ахбори расмӣ ва воқеъӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин тайд намудани ин хабарҳо аз манобеъи мувассақ ва бетараф ғайри имкон аст.

Аммо аз ташвиқ шудани мардум барои тазоҳурот аз суи гуруҳҳои мусаллаҳ дар изҳороти мақомоти ВМБК ҳам ишора шуда буд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97