Маъмурияти ВМБК: Силоҳбадастон мардумро ба тазоҳурот даъват мекунанд

Хабари хуб 28.07.2012 14:31

khorogМақомоти раҳбарии ВМКБ зимни баёние гуфтааанд, ки барои боз гардонидани суббот ва эътидол ба тлошҳои худ идома дода истодаанд.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст, «барои ба таври  осоишта  ва  дар  доираи  қонунҳои  амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл намудани вазъи масъалаи мазкур бо истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ, аз ҷумла раисони махаллаҳо, фаъолони шаҳри Хоруғ хешу наздикони   гурӯҳи зикргардида, силсила вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд».

Мақомоти Бадахшон гуфтаанд, ки бо вуҷуди талоши мақомот гуруҳҳои ба гуфтаи ҳукумат ҷинояткор ва силоҳбюадаст барои таслим намудани силоҳ ва ҳамкорӣ бо мақомот омода нестанд. Дар изҳороти мазкур омадааст: «Ба ҳамаи саъю талошҳо нигоҳ накарда,  роҳбари гуруҳи мазкур бо ҳиллаю найранг теъдоди силоҳбадастонро  дар атрофии худ  ҷамъ намуда, ба тафтиши ҷиноят пойдории сохти конститутсионӣ ва аз ҳама муҳимаш ба низоми давлат ва   ҳаёти  осоиштаи мардум  таҳдиди ҷиддӣ  ворид намуданд… Аз тарафи сохторҳои  низомӣ баъзе гузаштҳо шуда  бошанд  ҳам, аммо гурӯҳҳои номбурда то ҳанӯз барои ҳалли мусолиҳаомези масъала кӯшиш накарда истодаанд».

Мақомоти вилоят дар ин изҳороти худ гуфтаанд, ки бо вуҷуди оташбас ҷониби мухолиф омода нест шаҳрро аз сангарҳо тоза кунад. «Гарчанде оташбас эълон шуда бошад ҳам барои  бардоштани сангарҳо, дар ҳолати омодабош карор додани роҳҳои дохили шаҳр  ҳануз ҳаллу фасл нагардида,  барои ҳаёти осоиштаи мардуми Бадахшон  монеаҳои сунъиро эҷод намуда, ба замми ин мардумро ба гирдиҳамоиҳои ғайриқонуни даъват менамоянд».

Бино ба ин изҳорот ба далели банд будани роҳи мавзеи Танги нохияи Шуғнон зиёда аз 70 адад мошини боркаш банд мондаанд.

Аз ин изҳорот бар меояд, ки гуруҳҳои мусаллаҳ ҳануз бар манотиқи мухталифи шаҳр ва атрофии он тасаллут доранд. Вагарна чаро худи мақомот ва нируҳои милиса наметавонанд ҷодаҳоро аз сангарҳо тоза кунанд. Бино ба гузоришҳо шаби гузашта шаҳри Хоруғ ва атрофи он ба рағми шабҳои гузашта, нисбатан оромтар будааст.

Аз суи дигар, агар ба изҳороти мақомоти вилоят бовар кунем, ки силоҳдорон мардумро ба тазоҳурот давъат мекунанд, пас мешавад хулоса намуд, ки гуруҳҳои мусаллаҳ бо мардум робитаи наздик доранд.     

Манобеъи неруҳои интизомӣ ва қудартӣ низ мегуянд, то кунун ҳеҷ гуна пешрафте дар музокира бо гуруҳҳои мусаллаҳ ҳосил нашуда ва силоҳи худро ҳеҷ кадоме аз ин афрод ба замин нагузоштаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97