Чин ва ҲНИТ аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ карданд

Хабари хуб 27.07.2012 18:50

chini_va_HNIT-1Роҷеъ ба ҳаводиси хунини Бадахшон то кунун бархе аз давлатҳо ва ҳизбу созмонҳо изҳори назар кардаанд.

Аввалин кишвари хориҷӣ, ки вокуниш кард, Русия буд. Русия бо изҳори назар дар бораи ҳаводиси хунини Хоруғ аз густариши ноамнӣ ва бесуботӣ дар ин минтақа ва сарнавишти шаҳрвандони Русия нигаронӣ кардааст.

Пас аз афзудани қурбониён бар асари ин ҳаводис ва густариши нигарониҳои мардуми Бадахшони хориҷ аз кишвар САҲА ва Амрико низ бо пахши изҳороте хостори риояти ҳуқуқи инсонҳо ва башар дар раванди амалиёт шудаанд.

Бритониёву Иттиҳодияи Аврупо низх ба дунболи инҳо бо пахши изҳороти бар риояти ҳуқуқи инсону озодии баён ибрози ақида кардаанд.

ҲНИТ аз нахустин аҳзоби сиёсии Тоҷикистон буд, ки да робита ба ҳаводиси хунини Бадахшон изҳорот дода, қадами давлати Тоҷикистонро барои гузаронидани ҳамчунин амалиёт ҷонибдорӣ карда, гурӯҳи муътаризони силоҳбадастро, ки худро аз фармондеҳони собиқи оппозитсиюн медонистанд, маҳкум кард.

ҲУСДТ бо пазши изҳороте аз амалиёти низомии давлат бо баҳонаи дастгир кардани 2 муҷрим дар қатли генерали кушташуда дар маркази Бадахшон интиқод карда, даъват ба амал овардааст, ки ҳарчи зудтар амалиёт қатъ карда шуда, вазъ ислоҳ карда шавад.

Рӯшанфикрон ва шахсиятҳои бонуфузи кишвар дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҳукумат хостаанд, то ҳарчӣ зудтар амалиёти низомиро дар Бадахшон, ҳасостарин нуқтаи кишвар хотима бубахшад. Ва ҳарчи зудтар ишштибоҳи содиршударо ҷуброн кунад. 

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ амалиёти низомӣ ба Бадахшонро амале нодуруст ҳисобшуда ва ғалат хонда, аз ҳукумат тақозо кардааст, роҳи мусолиматомези ҳалли масъаларо бояд аз сар бигирад ва барои идома накардани вазъи муташанниҷ нируҳои низомӣ бояд бозпас хонда шаванд.  

Давлати Чин низ рӯзи 27 июл бо пахши изҳороте иқдомҳои Тоҷикистон дар амри таъмини суботро пуштибонӣ шудааст.

 Вазорати умури хориҷаи Чин дар ин баёния таъкид кардааст, ки  ҳамҷониба омодааст, бо тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шонҳой  алайҳи «се нерӯи бад»  - тундгароӣ, ҷудоиталабӣ ва терроризм  мубориза барад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97