Раёсати ҲКТ авзоъи ВМКБ –ро баррасӣ намуда, қатли Абдулло Назаров ва ҳамзамон амалиёти низомӣ ва истифодаи воҳидҳои низомӣ дар Бадахшонро маҳкум намудааст.
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ гуфтааст, ки «раёсати ҲКТ истифодаи нируҳои мусаллаҳ дар амалиёти махсус дар Хоруғро нодуруст мешуморад, зеро нируҳои мусаллаҳ бояд дар посух гуфтан ба таҷовузи хориҷӣ истифода шаванд, на барои хунсо кардани унусурҳои ҷиноӣ. Барои бархурд бо унсурҳои ҷиноӣ давлат ниҳодҳои дигаре мисли ВКД ва КДАМ дорад».
Оқои Шабдолов мегӯяд, истифодаи артиш дар минтақае, ки ҳассос аст, метавонад таваҷҷуҳи гуруҳҳои террористӣ ва кишварҳои абарқудратро, ки барои доираи нуфуз рақобат мекунанд, ҷалб кунад. Ва вазъияти ба вуҷудомадаро ин нируҳо метавонанд ба манфиати худ суистифода кунанд.
«ҲКТ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба таври оҷил воҳидҳои артишро аз минтақа хориҷ кунад, зеро талафот дар миёни мардуми осоишта ҳеҷ гуна тавҷеҳе надорад», гуфтааст раҳмабри коммунистони кишвар.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ҲНИТ низ роҷеъ ба ҳаводиси Хоруғ баёния нашр намуда, кушотори А. Назаровро маҳкум кард, дар сар задани ҳодиса гуруҳҳои мусаллаҳи Бадахшон ва ё ба истилоҳи ҲНИТ «тарафи дигар»-ро гунаҳкор дониста буд.
ҲНИТ дар пеш омадани вазъияти Бадахшон ва оғози даргириҳо размандагони собиқи худ, яъне фармондеҳони пешини ИНОТ-ро муттаҳам медонад. ҲНИТ аз аъзо ва пай равони худ, дар Бадахшон, (агар баъди ин баёния онҳо боқӣ монда бошанд) даъват кардааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд ва ба иғво дода нашаванд.
Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки раҳбарияти давлат эҳоси ватании раҳбарони ҲНИТ-ро тақдир кардааст. Ҳимояти ҲНИТ дар ин вазъияти ҳассос аз амалиёти Хоруғ ба назари коршиносон метавонад ба таҳкими субот ва ҷилавгирӣ аз густариши хушунатҳо ба манотиқи дигар мусоидат кунад.