Замони зарбулаҷали давлат ба неруҳои мусаллаҳи мухолиф дар Бадахшон дар соати 12.00 27-уми июл ба поён расид. Аммо то кунун на дар бораи иҷрои ин зарбулаҷал иттилоъе дода мешавад ва на дар бораи иҷро нашудани он.
Аммо як манбаъ дар ВУД мегуяд, ки то кунун дар музокироти ду ҷониб пешрафте ҳосил нашудааст. Ва хабарҳо дар мавриди оғози таслими силоҳ аз сӯи афроди мусаллаҳ дар Хоруғ ҳанӯз воқеъият надорад.
Як манбаи дигар гуфтааст, ки қарор буд, дирӯз 8 нафар аз ҷангиён силоҳи худро месупориданд, вале онҳо ба маҳал ва замони таъйиншуда ҳозир нашуданд.
Ин манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир сӯҳбат сари таслими силоҳ нест, зеро гурӯҳҳои созмонёфта дар қадами аввал мунтазири иҷрои талабҳои пешниҳодкардаашон ҳастанд. Ҳарчанд талабҳои пешниҳодкардаи ин гурӯҳҳо маълум нест.
Бар асоси иттилои дигар манбаҳо ин нируҳо талаб доранд, ки воҳидҳои низомии артиш аз минтақа хориҷ ва раҳбарияти вилоят ба истеъфо биравад. Аммо аз оғози даргириҳо то кунун раҳбарони ин гуруҳҳо ба таври мустақим бо матбуот вориди суҳбат нашудаанд.
Бино ба бархе аз гузоришҳо сарварони ин гуруҳҳо, аз ҷумла Толиб Аёмбеков, Боқир Муҳаммадбоқиров ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.
Ба ҳар ҳол, замони оташбаси эълоншуда ва зарбулаҷали гузоштаи ҳукумат дар соати 12 ба поён расид. Аммо дар бораи иҷро шудан ва тамдид шудани он иттилоъе дар даст нест. Мисли рузҳои гузашта алоқаи телефонӣ ба Бадахшон қатъ аст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори ҷилавгирӣ аз амалҳои иғвогарона дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми панҷшанбе аз тариқи телефон гузориши раиси вилояти Бадахшон ва раҳбарои ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим оид ба вазъи амниятӣ ва иҷтимоии минтақаро дарёфт кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбати телефонӣ, аз масъулони навоҳии ин вилоят тақозо кардааст, ки ба таври густурда миёни мардум дар масҷиду маҷлисгоҳҳо ва дар ҷамоатҳо амалҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Таъкид шудааст, ки дар чунин як марҳилаи ҳассос кӯшиш кард аз амалҳои иғвогарона ҷилавгирӣ карда шавад.