Қодир Қосимов аз номи Президенти Тоҷикистон дар назди мардуми гирдиҳам омада дар майдони марказии Хоруғ дастури қатъи комили амалиёт дар ин вилоятро додааст.
Рамзия Мирзобекова, хабарнигори "Asia-Plus" дар Бадахшон, дар суҳбате телефонӣ бо Би-би-сӣ дар ин бора хабар додааст.
Бар асоси иттилоъи ӯ, дар майдони марказии шаҳри Хоруғ субҳи рӯзи чаҳоршанбе шуморе аз сокинони ин шаҳр гирдиҳамоӣ карда, тақозои қатъи амалиёти низомӣ дар Хоруғро кардаанд..
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, ним соат қабл гурӯҳе аз намояндагони мардуми муътариз ва мақомоти давлатӣ барои ҳалли қазия машғули гуфтугӯ буданд. Ҳангоме ки ин гуфтугӯ идома дошта, Президент Раҳмон бо оқои Қосимов тамос гирифта ва хабар аз тасмими худ барои қатъи амалиёти низомӣ дар ин вилоятро додааст.
Гуфта мешавад, ки амалиёти густардаи нируҳои амниятӣ ва интизомии давлат, ки субҳи рӯзи сешанбеи 24 июл дар шаҳри Хоруғ оғоз шуд, хисороти бештареро дар маҳаллаи мавсум ба УПД, ки дар шарқи шаҳр воқеъ аст, ворид кардааст.
Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки даргирӣ дар ин маҳалла дар миёни мардуми ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон, занон ва бузургсолон, низ талафоте барҷо гузоштааст.
Сокинони ин маҳалла дар ҷараёни гирдиҳамоӣ гуфтаанд, ки шумори афроди кушташуда мушаххас нест ва мардум аз бими даргирӣ наметавонанд ҷасадҳоро ба хок супоранд.
Таъйиди ин иттилоъот аз сӯйи мақомоти маҳаллии Бадахшон ба сабаби қатъи иртиботи телефонӣ бо ин вилоят ғайримумкин аст.
Шаби гузашта мақомҳои амниятӣ ва милисаи Тоҷикистон эълом карданд, ки дар даргириҳои рӯзи гузашта дар Хоруғ беш аз 40 нафар, аз ҷумла 30 шӯришӣ ва 12 нируи давлатӣ кушта шудаанд.
Мақомот ҳамчунин аз захмӣ шудани 23 сарбоз ва дастгир кардани 40 шӯришӣ, аз ҷумла ҳашт табаъаи афғон, ва мусодираи 100 мил аслиҳа хабар доданд.
Қаблан гуфта мешуд, ки вазири дифоъи Тоҷикистон то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ дар Хоруғ оташбас эълом карда ва аз афроде, ки муттаҳам ба қатли Абдулло Назаров ҳастанд, дархости таслим кардааст.
Вале ба иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, раҳбари ин вазоратхона, танҳо барои ошноӣ бо вазъи Бадахшон ба шаҳри Хоруғ рафтааст.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорат, рӯзи чаҳоршанбеи 25 июл дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин хабарро, ки афсарону сарбозони ин вазорат барои ширкат дар амалиёт ба Бадахшон эъзом шудаанд, такзиб кард.
Аз сӯйи дигар, гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокист, ки Қодир Қосимов, раиси вилояти Бадахшон, қавл додааст, ки баъд аз барқарории сабот дар вилоят аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.
Кумитеи давлатии амнияти Тоҷикистон гуфтааст, ки амалиёти рӯзи 24 июл дар шаҳри Хоруғ ба манзури дастгирии шахсони гунаҳкор дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар Бадахшон, сурат мегирад.
Мақомот афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков ва фармондеҳони дигари марбут ба мухолифини замони ҷанги дохилиро, ки дар минтақа нуфуз доранд, дар ин ҳодиса гунаҳкор донистаанд. Вале Айёмбеков дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи худ ва наздиконаш бо ин ҳодисаро рад кардааст.
Бархе аз расонаҳо гузориш кардаанд, ки Толиб Айёмбеков дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ ба Афғонистон фирор карда, вале ин хабар расман таъйид нашудааст. Манобеъи маҳаллӣ дар Бадахшон аз захмӣ шудани писари Толиб Айёмбеков хабар додаанд.