Бино ба хабари манобеъи муътамад, неруҳои давлатии Тоҷикистон амалиёти низомиро алайҳи неруҳои мухолифини пешин дар Бадахшонро оғоз кардаанд. Хукумат ин тасмимро ба думболи кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи амнияти милллӣ дар Бадахшон гирфитааст.
Аз рузи шанбеи ҳафтаи гузашта тақрибан ҳудуди 3 ҳазор сарбози вазоратҳои дифоъ, дохила ва Гордии миллӣ ба Бадахшон эъзом шуда буданд. Дар ҳоли ҳозир ҳама гуна иртибот бо Бадахшон қатъ шудааст. Инчунин сомонаи «Азия плюс», ки рузи гузашта хабари эҳтимоли даргирӣ мусоҳибаи фармондеҳони пешинро нашр намуда буд, масдуд гаштааст. Ин хабаргузорӣ рузи гузашта мусоҳибаи Толиб Аёмбековро дар иртиботи вазъи Хоруғ ва тадбирҳои боздошти гумонбарон пахш карда буд.
Марат Мамадшоев, сардабири ҳафтаномаи "Азия Плюс" гуфтааст, ки Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон шурӯъ аз шоми 23-юми июл, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи Оҷонси иттилоотии “Азия Плюс”-ро қатъ кард. Ҳоло дар тамоми манотиқи кишвар имкони боз намудани сомонаи "Азия плюс" номумкин шудааст.
Марат Мамадшоев мегӯяд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба сардабири сомонаи "Азия Плюс" Зебо Тоҷибоева расман иқоми масдуд карда шудани ин сомонаро дар ҷараён гузоштааст.
Ҳоло иртиботи телефонӣ ва ҳама гуна навъҳои мухобирот ба тарафи Бадахшон қатъ карда шудааст. Имкони тамос бо хабарнигорони маҳаллӣ бо телефони вуҷуд надорад.
Танҳо чанд хабари нотамом аз тарик Фейсбук аз оғози амалиёти низомӣ дараа доданд. Раиси ХСДТ дар Бадахшон Алим Шерзамоновро ба хабарргузории симои К плюс арз намуд,ки иқдоми низомии Хукумат ба фочиаи кулли митика мерасонад.Зеро барои огози чанги шахрвандии нави Точикистон кувахои зерипардаи манфиатдор мебошанд.