Генерал Абдулло Назаровро бо корд куштаанд

Хабари хуб 22.07.2012 08:38

12Шаби 21 июли соли 2012 сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон ба зарби корд кушта шудааст.

Ҷузъиёте дигар аз ин қатл ҳанӯз рӯшан нест. Бино ба хабарҳои расида, Абдулло Назаров дар ноҳияи Ишкошим ҳадафи ҳамла қарор гирифта, ба зарби корд кушта шудааст. Хабари дигар аз он далолат мекунад, ки генерал Назаров дар масири роњи Ишкошим ба Хоруғ мавриди њамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки ӯро аз мошин берун карда, ба баданаш чанд корд задаанд.

Зимнан, Абдулло Назаров то соли 2010 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва пеш аз он сардори раёсати ин кумита дар вилояти Суғд буд. Дар моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон ӯро айбдор кард, ки ба бародар ва дигар наздикони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар Бадахшон сарпаноҳ додааст. Вале Назаров он вақт бо пахши як изҳорот ин хабарҳоро рад карда, онҳоро талоши ба минтақаи нави ноором табдил додани Тоҷикистон номид.

Номи генерал Назаров рӯзҳои ахир дар робита ба ҳалномаи додгоҳии парвандаи фирори 25 маҳбус аз Боздоштгоҳи муваққати КДАМ сари забонҳо уфтод. Гуфта мешуд, додгоҳ таъйини махсус баровардааст, ки баёноти яке аз фирориён дар робита бо Назаров тафтиш шавад.

.

 

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97