18 июли соли 2012
2000-умин истгоҳи иртиботии бесими (ИИБ) шабакаи «МегаФон» мавриди баҳрабардори қарор гирифт!
Ба ин муносибат дар чор минтақаи кишвар – дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, НТМ ва ВМБК – истгоҳҳои иртиботӣ дар фазои хосе ифтитоҳ шуданд. Дар шаҳраки Адрасмани вилояти Суғд ИИБ ба номи «Комбинати коркарди маъданҳои кӯҳӣ» ба кор оғоз кард. Дар шаҳраки Шаҳринав кормандони «МегаФон» ҳамроҳ бо рӯзноманигорон ИИБ-и пайвандии (гибридный) нодирро, ки бо манбаъи нерӯи алтернативӣ кор мекунад, ифтитоҳ карданд. Ин истгоҳи иртиботии бесимро «Наврӯз» унвон карданд ва он бо пахши тугмача аз ҷониби Акбарали Саттор – раиси Иттиҳоди журналистони тоҷик ба фаъолият оғоз кард. Дар ҳамин ҳол дар фазои ш. Қӯрғонтеппа истгоҳи иртиботии ба номи «Хоҷагии ҷангал» падидор шуд. Қобили тазаккур аст, ҳамаи истгоҳҳои иртиботии ширкат марказҳои ноҳия ва деҳкадаҳои дастрасро бо иртиботи боэътимоди насли 3-юм таъмин мекунад .
Ширкат дар натиҷаи сохтмони босуръати истгоҳҳои иртиботӣ, ба хусус дар нимаи аввали соли 2012 ба чунин нишондодҳои баланди фарогирии шабака расидааст. Аз оғози сол то имрӯз мутахассисони техникии «МегаФон» дар Тоҷикистон зиёда аз 140 истгоҳҳои базавии насли дуюм ва сеюмро дар саросари кишвар насб кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2 маротиба зиёд аст.
Мақсади асосии сохтмони азим — вусъати фарогирӣ, афзоиши зарфияти шабака ва такмили сифати хизматрасонӣ барои зиёда аз як миллион муштариёни тоҷикистонӣ аст. Аз 140 ИИБ-и насбшуда дар нимсолаи аввал, 70% он бо технологияи 3G муҷаҳаз буданд. Ин технология имкони хизматрасонии баландсуръати Интернети мобилиро барои сокинони на танҳо шаҳрҳо, балки маҳалҳои хурду дурдаст хкбтару бештар мекунад. Бад ин тартиб эътимод, суръат ва сифати дастрасӣ ба Шабакае, ки аз қабл фаъолият дошт беҳтар мешавад.
Танҳо дар як соли охир трафики таҳвили маълумотҳо ва хизматрасониҳои овозии ширкат дар муқоиса бо соли гузашта се маротиба зиёд шудааст! Ин пешравии муҳим натиҷаи сохтмони саросарӣ ва беҳтар шудани хизматрасонӣ мебошад.