Муҷоҳиддини халқи Ирон ба Ҳирот мунтақил шуданд

Хабари хуб 18.07.2012 13:44

maryam-and-masoudДар рӯзҳои ахир аз чанд ноҳия ва манбаъи хабарӣ ба мо иттилоъ расид, ки шуморе аз воҳидҳои низомии созмони Муҷоҳиддини халқи Ирон ба Афғонистон мунтақил шуда ва дар бахше аз минтақаи Ҳирот мустақар шудаанд. Бахше аз ин неруҳо аз Ироқ ва бахше ҳам аз Урдун ба Афғонистон  мунтақил шудаанд.

Гузоришҳои дигар низ аз мустақар шудани неруҳои муҷоҳиддини халқи Ирон дар манотиқи дигар Афғонистон, дар наздики марзҳои Ирон ба дасти мо расидааст, ки сиҳати он то кунун тайид нашудааст. Манобеъи маҳаллии мо дар пайи дарёти ахбори дақиқтар дар ин замина ҳастанд.

Мо, сирфан хабареро, ки ба дастамон расида, пас аз ду руз таҳқиқ дар маҳал онро муташир кардем. Он ҳам бидуни тафсир ва назаре дар бораи тасмими Муҷоҳиддини халқ дар бори интиқол ба Афғонистон. Аммо наметавонем инро нанависем, ки ҳамин истиқрор ва нақлу интиқол нишондиҳандаи рӯйдодҳоест, ки қудратҳои бузург барои ояндаи Ирон тадвин кардаанд. Ин ки Муҷоҳиддини халқ ин бор низ гушти дами тӯп хоҳанд шуд ё нахоҳанд шуд, амре аст, ки дар оянда метавон дар бори он назар дод. Аммо ин ки давлати Афғонистон ба унвони коргузори Амрико марзҳои муштараки Афғонистон бо Иронро ба симати марзи ҷангӣ ва интиқоли Муҷоҳиддини халқ ба наздиктари  Ирон мебарад, масъалаест ҷиддӣ.

http://razaqmamoon.blogspot.in


©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97