Баҳси навбатии ҲНИТ ва муфтӣ

Хабари хуб 18.07.2012 12:51

Ин навбат бар сари он ки кай бояд рӯза гирифт?

Ramadan3_2Cайид Мукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки рӯзи ҷумъа 20-уми июл, рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон мебошад ва ин тасмим дар нишасти ин Шӯро ва бо ширкати аъзои он, ки аз ҷумлаи рӯҳониёни саршиноси кишвар аст, гирифта шудааст.

Аммо Мавлавӣ Муҳаммадалӣ, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ ба торнамои www.nahzat.tj гуфтааст: "Ин тасмим мухолифи ҳадиси Расули акрам (с) мебошад.": "Расули акрам (с) мефармояд: "Бо дидани моҳ рӯза доред ва бо дидани он рӯза кушоед ва агар бар шумо осмон абрнок омад, моҳи шаъбонро 30 рӯз мукаммал гардонед." (Бухорӣ  ва Муслим)

Ба гуфтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ, рӯзи панҷшанбе 19-уми июл мувофиқи 29 шаъбон мебошад ва агар баъд аз ғуруби офтоб мардум бо чашми сар моҳи навро бинанд, он вақт рӯзи ҷумъа 20-уми июл рӯзи аввали моҳи Рамазон мебошад ва агар моҳро надиданд, моҳи шаъбонро 30 рӯз пурра мекунанд ва рӯзи шанбе 21-уми июл рӯзи аввали Рамазон мебошад. Ӯ меафзояд, аз ин рӯ рӯзи 20-уми июл рӯзи шак мебошад, ки дар ҳоли надидани моҳ, Расули акрам (с) рӯза доштанро дар ин рӯз манъ кардааст.

Раиси Шӯрои уламо мегӯяд: "Дидан ё баромади моҳро бо Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон машварат шуда ва дақиқ гардидааст, ки ба таърихи 20 июл моҳи мубораки Рамазон ворид хоҳад шуд."

Бино ба навиштаи торнамои ҲНИТ, ин дар ҳолест, ки дидани моҳ танҳо баъд аз шоми 29-уми шаъбон муътабар аст ва мо то ҳол надидаем, ки як кишвари исломӣ (бо вуҷуди пешрафтҳое, ки доранд) чанд рӯз қабл, рӯзи аввали Рамазонро эълон карда бошад.

Масъалаи кай рӯза гирифтану кай рӯза кушодан аз чанд сол ба ин сӯ дар миёни рӯҳониёни таҳсилдидаву таҳсилнодидаи Тоҷикистон ва Шӯрои уламову ҳавзаҳои динии маъруфи кишвар баҳс мешавад, ва мардуми мусалмони Тоҷикистон ҳам ҳар кадом бо нишони иродат ва эътимод ба рӯҳониёни мавриди назари худ рӯза мегиранду рӯза мекушоянд. Аммо маълум нест, ки ин баҳсҳо аз рӯйи ғаризаҳои шахсӣ маншаъ мегиранд ва ё аз рӯйи саводи динии онҳо. Ба ҳар ҳол ин баҳсҳо ҳамоно идома дорад ва ба назар мерасад, ки ба нуқтаи ҳақиқат расидани он ҳанӯз дур аст ва ин мардуми мусулмонанд, ки дар миён рӯза гирифтану рӯза шикастанашон зери суол қарор мегирад, ки кадоме дуруст рӯза медоранд.

Шояд беҳтар ин бошад, ки имсол ба хотири рӯ ба Ҳақ овардани рӯҳониёни муҳтарам ва ваҳдати фитрии онҳо рӯза бидорем.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97