Сарнавишти раиси тоҷикони Қирғизистон чӣ хоҳад шуд?

Хабари хуб 12.07.2012 12:36

QirgiРавшанбек Собиров, вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон ва раиси Ҷамъияти тоҷикони ин кишвар боздошт шудааст. Собиров дар гирифтани 10 ҳазор доллар ришва муттаҳам мешавад. Аммо худи ӯ ин корро тавтиъа унвон карда ва гуфтааст, ки дар ҳаргиз даст дар ин кор надорад.

Ҳизби "Ота Макон", ки Р. Собиров намояндаи он дар ҳукумат аст ва аксари вакилони порлумон ва аъзои ҳукумат гуфтаанд, ки ба ришвахор будани Р. Собиров бовар надоранд. Зеро ӯ яке аз сармоядорони соҳибкори Қирғизистон низ ҳаст ва ришва гирфитани ӯ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар хориҷ аз мантиқ мебошад. Тарафдорони Р. Собиров, аъзои  ҳизби ҳокими "Ота Макон" ва ҳайати ҳукумат ба ҳамин тартиб, аз ҳукми боздошти ӯ такон хурда ва шокӣ шудаанд. Онҳо бо як овоз мегӯянд, ки ба гунаҳгор будани Собиров шак доранд.

Ба ҳар ҳол, рӯзи 7 -уми июн додгоҳи шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҳукми дар боздошт боқӣ мондани Р. Собировро то рӯзи 31 август содир кардааст. Сарвазири Қирғизистон ба дархости ҳизби "Ота Макон" Р. Собировро, ки ҳамчун намояндаи  ин ҳизб вазири рушди иҷтимоӣ буд, аз мақомаш муваққатан барканор кард.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Равшан Собиров ба додгоҳи шаҳри Бишкек дархости бознигарӣ шудани ҳукми боздошти вазири муваққаттан барканоршудаи рушди иҷтимоии Қирғизистонро пешниҳод кардааст. Дар аризаи вакил гуфта шудааст, ки ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон интиқол ёфтани Собиров  "беасос ва бедалел" аст.

Раҳбарияти ҳизби "Ота Макон" аз мақомот тақозо кардаанд, ки ин қазия бо риояи тамоми қонунҳо баррасӣ ва муҳокима шавад.

Ниҳоди вижаи мубориза бо фасод дар назди КДАМ мегӯяд, ки вазири 41-сола гӯё ба ёвари худ амр додааст, ки пора гирад. Боздошти ёвари вазир рӯзи 30 июн ба

ҳангоми гирифтани ришва аз як ширкати хориҷӣ сурат гирифтааст, ки бо масъалаҳои фарзандхонии атфоли ятими Қирғизистон аз ҷониби хонаводаҳои хориҷӣ машғул аст.

Вакили дифои Р. Собиров - Қувонишбек Тошболтаев гуфт, ки шахси мавриди ҳимояти ӯ "ором" аст ва иттиҳоми алайҳаш матраҳшударо рад мекунад.

Аз рӯи иттилои коршиносони қирғиз, қазияи фарзандхонии ятимони Қирғизистон аз ҷониби хориҷиҳо, ки дар он исми Равшан Собиров олуда шудааст, аслан решаҳои амиқи чандинсола дорад.

Р. Собиров дар декабри соли гузашта ба ҳайси вазири рушди иҷтимоӣ таъин шуд. То он замон ӯ вакили порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Ота Макон" буд.

Асия Сасиқбоева, муовини раиси парлумони Қирғизистон мегӯяд, ки Равшанбек "ба ин пул ниёз надорад, чун худ як шахси сарватманду доро аст. Вай тавони таъмини панҷ фарзанд ва бисёр хешони дигарашро  дорад. Вале агар ки гуноҳи вай дар гирифтани пора исбот шавад, мо, чун ҳизби муборизи зидди ришвату фасод, маҷбур мешавем, ки ӯро аз вазифаи вазирӣ бозхонем.  Ман шахсан ӯро яку ним соли охир мешиносам ва бо эътимоди тамом мегӯям, ки ӯ як инсони поку баномус аст ва ҳеҷ гоҳ бовар намекунам, ки ба чунин кор даст зада тавонад".

Равшанбек Собиров, вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон ва раиси Ҷамъияти тоҷикони он кишвар ва аз соҳибкорони муваффақи Қирғизистон аст, ки дар декабри соли гузашта зимни як назархоҳӣ аз сӯи нашрияи "Миллат" "Тоҷики бурунмарзии сол-2012" унвон шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97