Халабонҳои дарбанд ва сафири номуваффақи Тоҷикистон

Хабари хуб 11.07.2012 11:11

Чаро тоҷикон ҳанӯз миллат нашудаанд?

tadzhikeyr_15Бино ба гузоришҳои панҷ нафар аз халабонҳои ширкати давлатии "Тоҷик Айр", ки хуруҷи онҳо аз Кобул мамннӯъ шуда буд, пас аз 39 рӯз ба ватан баргаштанд, аммо сарнавишти панҷ нафари дигар аз аъзои ин тими халабонҳо то ба ҳол номуайян аст.

Халабонҳои тоҷики мамнӯъулхуруҷ аз Кобул ба хабарнигорон гуфтаанд, ки то ба ҳол мақомоти Афғонистон сари қазияи онҳо ба хулосаи муайян нарасида, онҳоро бо ҷурмҳои беасос нигаҳ медоранд.

Ба гуфтаи ин халабонҳо, мақомоти Кобул даъво доранд, ки чархболҳо дар замони ҷангҳои дохилии Афғонистон, дар соли 1992 аз сӯи Тоҷикистон рабуда шуда, пас аз рангубор ва таъмир дигарбора ба истифода дода шудаанд. "Тоҷик Айр" тамоми ҳуҷҷатҳои ин чархболҳоро ба мақомоти Афғонистон ироа намуда, собит кардааст, ки онҳо дуздида нашуда, балки моли ин ширкатанд. Халабонҳои тоҷикро мақомоти Афғонистон ҳамчунин дар убури ғайриқонунии марз низ муттаҳам мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир ду чархболи ширкати "Тоҷик Айр" дар фурудгоҳи Кобул нигоҳ дошта мешавад. Ва ҳаққи парвозро надоранд.

Рӯзи 1 июл дар фурудгоҳи Кобул 12 халабони ширкати "Тоҷик Айр" аз сӯи мақомоти амниятии Афғонистон боздошт  шуданд ва шиносномаи панҷ нафари онҳо аз дасташон гирифта шуд. Ду нафар баъдтар озод мешаванд, аммо бақия дар Кобул боқӣ мемонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон боздошти халабонҳои тоҷикро баҳси молиявӣ миёни мақомоти Афғонистон ва Supreme Food, ширкати байнулмилалие унвон кард, ки неруҳои НАТО-ро бо маводи ғизоӣ таъмин менамуд.

Чизе, ки қобили мулоҳиза аст ин мебошад, ки тайи чанд соли охир чунин суъи тафоҳум дар равобити Тоҷикистон ва Афғонистон бештар иттифоқ меуфтад. Аз сӯи дигар, ҳодисаи бо халабонхои тоҷик рухдода дар Кобул ғайри ихтиёр қазияи ду халабони як ширкати русиро дар Тоҷикистон ба ёд меорад, ки дар тирмоҳи соли гузашта иттифоқ уфтода буд. Бо маҳкум шудани ин ду халабон, Садовничий ва Руденко дар Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқ ва убури ғайри қонунии марз, (иттифоқан номи ин ду нафар дар ёдҳо то дер гоҳ хоҳад монд) тамоми Русия ба по хест ва додгоҳи Тоҷикистон таҳти фишори матбуот, мақомот ва ҷомеъаи Русия қарори худро дигар кард. Дар ин масъала ҳатто раиси ҷумхури вақти Русия низ изҳори назар кард ва ҳазорон муҳоҷири тоҷик таҳти фишор ва боздошту ихроҷ аз қаламрави Русия қарор гирифт. Таъсири равонии ин қазияро муҳоҷирони тоҷик то кунун эҳсос мекунанд. Аммо суол ин аст, ки чаро зимни ин қазия ҳам ҷомеа, ҳам мақомот ва ҳам матбуоти Русия аз як мавқеъ сухан гуфтанд ва аз шаҳрванди худ ҳимоят карданд? Дуруст аст, ки Русия давлати бузург  аст ва ниҳодҳои фаъол дорад, ки аз шаҳрвандони худ ҳимоят мекунанд. Аммо аз ин хам муҳимтар ин аст, ки русҳо миллат ҳастанд, ба ҳамин хотир ҳар куҷое як узви ин миллат гирифтори мушкил шавад, ҳамаи миллат онро эҳсос мекунад. Миллат ба маънои як организми зинда ва воҳид аст. Аммо мо, ки миллат нестем, барои хамин эҳсос намекунем, ки як узви ин миллат гирифтори дард аст. Камокам ду миллион фарзанди Тоҷикистон дар муҳоҷират дар Русия  аст. Расонаҳои давлатӣ ва телевизонҳои Тоҷикистон аслан аз мушкилоти онҳо ҳарфе намегӯянд. Танҳо чанд нашрияи мустақил аст, ки вазъи онҳоро бозгӯ мекунад, талош мекунад, ки ҳаққи муҳоҷирон ҳимоят шавад. Аммо миллионҳо падару модари ҳамин муҳоҷирон ба ҷои пуштибонӣ ва ҳамраъӣ ба ҳамин нашрияҳо консертҳои телевизони давлатиро тамошо ва аз пайравӣ мекунанд. Ва парвое ба мушкили ҳатто фарзанди худ надоранд. Ҳама гуна эҳсос аз ин мардум гум шудааст. Ин муболиға нест, кофист мо қазияи ду халабони русро ба қазияи дувоздаҳ халабони худ муқоиса кунем.  Барои ду халабони худ, ҳатто шахси севвуми Русия ҳушдор дод, ки мақомоти Тоҷикистон бояд фаромӯш накунанд, ки аз пойгоҳи 201 Русия то қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон танкҳо дар 10 дақиқа ҳаракат мекунанд, аммо мо барои 12 нафар шаҳрванди худ парвое надорем.

Аммо ин далел дорад. Ба ҳар ҳол мо ду ҳолатро зикр мекунем, ки шояд кофист. Яке фасодзада будани ниҳодҳо, хоса мавҷудияти фасоди густарда дар идораи давлатӣ дар Тоҷикистон ва шаффоф набудани  кори ширкатҳо аст, ки мардум аз он ба ин далел ҳимоят намекунад. Ва агар мустақиман дар браи 12 халабони "Тоҷик айр" сӯҳбат кунем, яке ин ки мардум аз кори худи ҳамин ширкат розӣ нест, ки қимматҳоро ба таври нестандарҷаҳон боло бурдааст. Дигар шаффофоият дар идораи молии ин ширкта ба сурати дуруст ҷой надорад. Севвум баъд аз канор задани М, Мастонгулов ин ширкат дигар симои ҳирфаии худро бохтааст ва раҳбарии он аз даст ба дасти гурӯҳҳои  хосе мегузарад, ки ба ҳавопаймоӣ ҳеҷ гоҳе робитаи ҳирфаӣ надоштанд. Аз сӯи дигар аз соли 2001 ба ин сӯ роҷеъ ба ҳамаи қарордодҳои ширкатҳои тоҷикие, ки дар Афғонистон ба ҳавопаймоӣ машғуланд шак вуҷуд доштааст. Ҳоло ҳам ин ширкатҳо ба сурати ошкор бояд қарордод ва даромад ва молиёти худ ба давлат аз ин ҳисобро нашр кунанд. Дар зимистони гузашта вақте як болгарди вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳам дар Афғонистон суқут кард, ҳамин ҳадсу гумон боло гирифт. Ва бархе расонаҳо навиштанд, ки фоидот аз ҳисоби истифодаи  чархболҳои Тоҷикистон ба манфиати давлат ва ширкатҳо не, балки ба манфиати гурӯҳҳои хос рехта мешавад. 

Дар қазияи ахир низ расонаҳо, аз ҷумла Озодӣ аз қавли манобеъи худ дар мақомоти Кобул навиштааст, ки чархболҳои Тоҷикистон ба номи Африқои ҷанубӣ сабти иҷоза доштаанд. Ин гуна шубҳаву гумон бояд ҷой надошта бошад. Аз ин ҳам аҷибтар ин аст, ки" Тоҷик айр" дар вокуниш ба боздошти чархболҳояш гуфт, ки ҳиҷ гапе нест, касе ва чархболе боздошт нашудааст. Аҷаб, агар боздошт нашудаанд, чаро 39 рӯз иҷозаи бозгашт ба Ватанро надоштанд. Ва чаро то кунун дари чархболҳоятон муҳру мум аст дар фурудгоҳи Кобул? Айнан мисли хамон латифаи машҳуре, ки "асир шудани панҷ немис ба дасти як дарвозӣ". Ба назар мерасад, ки мақомоти "Тоҷик айр" аслан намехоҳанд дар ин робита сухан ба миён биояд ва касе дар ин бора чизеро бидонад. Ҷолиб аст.

Танҳо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вокуниши муносибе дар ин робита нишон дод, ки бояд аз ҳақ нагузарем ва онро ёдовар шавем, аммо баёнияи "Тоҷик айр" ба навъе иқдоми Вазорати хориҷаро зери суол гузошт. Зеро Вазорати хориҷа риоят шудани ҳуқуқи шаҳрвандони кишварро талаб кард, "Тоҷик айр" мункири ҳақ шуд, ки ҳаққи касе зери по нашудааст. Яъне торсакие ба руи Вазорати хориҷа. Аммо бо вуҷуди ин дар ҳақиқат кори сафорати Тоҷикистон дар Кобул дар чанд соли охир камрангу беасар шудааст. Ҳама ба ин умед ва бовар буд, ки бо тайини сафири нав, ки мутахассиси умури Афғонистон аст, шояд равобит беҳтар ва кор ранги дигар бигирад, аммо ҳаргиз чунин нашуд. Ва Шарофиддин Имомов дар амал нишон дод, ки як саҳифаи номуваффақ дар робитаи Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Сафири пешини Тоҷикистон дар Кобул, ки аз ҷумла "Миллат" низ аз он танқид карда буд, роҷеъ ба фаъолияти худ борҳо ба матбуот иттилоъ дода ва сӯҳбат мекард. Фаъолияти сафорат  акнун мисли ҳамин ширкатҳо шафоф нест. Ба як ҷумла сафири афғонистоншинос худро натавонист собит кунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97