Хадамоти амниятии Афғонистон эълон кардааст, ки чанд гурӯҳи мусаллаҳ дар вилояти Бадахшони Афғонистон омодагӣ мебинанд.
Муовини фармондеҳи нируи марзбон дар Бадахшони Афғонистон Давлати Гулбача дар сӯҳбат ба «Миллат» ин хабарро тайид кард ва гуфт, бино ба иттилоъе, ки онҳо дар ихтиёр доранд, ин гурӯҳҳо аз зимистони гузашта ба ин сӯ, дар минтақа, дар деҳаҳои Часде, Рубот, Умол, Суфиён, Башони вулусволии Вардуҷ ва Баҳорак дар марз бо Тоҷикистон макон гирифтаанд.
Бино ба иттилои мавҷуд, ин гурӯҳҳо аз ҷангиёни Толибон, Ҷамоати «Ансоруллоҳ» ва Ҳаракати исломии Узбакистон иборат аст ва шаҳрвандони Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чеченҳо иборатанд.
Ин гурӯҳҳо дар гузашта бо нируҳои дохилаи Афғонистон даргир шуда, бар асари ин даргирӣ чандин пулиси маҳаллӣ кушта шуда буд. Мақомоти пулиси Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки ин гурӯҳҳо аз ҷониби Покистон сармоягузор? ва таъмин мешавад ва зоҳиран дар барои анҷоми барномае дар ин тарафи Ому - Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинад.
Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз қавли раиси Кумитаи мардумии наҷоти ватани Қирғизистон Абдумаҷид Мадумаров навиштаанд, ки гуфтааст, «дар қисмати ҷанубу шарқии Афғонистон дар ағбаи Шева, ҳамчунин шаҳрҳои Толиқон, Файзобод ва Баҳорак гурӯҳи размандагони хуб муҷаҳҳаз таҷаммӯъ кардаанд, ки ҳадаф доранд ба Қирғизистон оянд ва 18 июл дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои мустақар дар дохили кишвар шаҳрҳои Ӯ ш, Навкат ва ҷазираҳои марзии Сух ва Шоҳимардон дар марзи Узбакистонро ғасб кунанд».
Мақомоти амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ки гурӯҳи мустақари размандагон ба дараи Варзич тавассути бандарҳои Тӯпхона ва Шоҳи Салим аз Покистон ворид мешаванд ва метавонанд ба марзҳои Осиёи Марказӣ тариқи вулусволиҳои Ишкошиму Шуғнон ва Дарвоз бирасанд.