Узбакистон дубора пойгоҳи Амрикоро таъсис медиҳад

Хабари хуб 29.06.2012 11:53

pictureУзбакистон мехоҳад бо хориҷ шудан аз Паймони амнияти дастаҷамъӣ пойгоҳи низомии Амрико дар Қаршии Хонободро дубора мустақар кунад.

Як мақоми ВКХ Узбакистон ба расонаҳои русӣ гуфтааст, ки далели ин тасмими кишвараш мувофиқ набудани сиёсатҳои ин созмон бо мавқеъи Узбакистон дар масъалаи Афғонистон аст. Ва Узбакистон мехоҳад бо Афғонистон муносибати ду ҷониба дошта бошад, на дар чаҳорчӯби ОДКБ ё СПАД.

Аммо ба назари коршиносон ин далели аслии хориҷ шудани Узбакистон аз СПАД нест. Вадим Козюлин, коршиноси Осиёи марказӣ дар маркази пажуҳишии ПИР ба «Ъ» гуфтааст, ки «Узбакистон зимни кадом мувофиқаи пинҳоние бо Амрико мехоҳад пойгоҳи он кишварро дар Хонобод дубора боз кунад. Дар чаҳорчӯби СПАД ин кор имкон надошт, зеро чунин иқдомеро мебоист бо аъзои дигари созмон муовофиқа мекард, аммо ҳоло Тошканд метавонад ин корро бидуни мувофиқаи СПАД анҷом диҳад».

Ин коршинос гуфтааст, ки «Эҳтимолан ИМА Узбакистонро ба феҳрасти шарикони стратегии худ ворид хоҳад кард ва кумакҳои молӣ ва низмоӣ дар ихтиёри он қарор хоҳад дод. Ва инчунин аз поймол шудани ҳуқуқи башар дар Узбакистон чашм хоҳад пӯшид. Ба ин тартиб, Амрико Узбакистонро ба як муттаҳиди худ дар минтақа табдил медиҳад ва аз сӯи дигар кафили дар қудрат боқӣ мондани режими кунунӣ, яъне Ислом Каримов хоҳад шуд».

Узбакистон дар соли 1999 низ аз Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хориҷ шуда буд. Аммо дар соли 2006 вақте, ки тазоҳуроти Андиҷонро ба хун кашид ва ҳазорон нафар кушта шуд ва муносиботаш бо Ғарб бад шуд ва пойгоҳи Амрикоро аз Хонобод хориҷ кард, дубора ба оғуши Маскав бар гашт ва бори дигар узви СПАД шуд.

Он замон «Миллат» таҳти номи «Тошканд ба оғуши Маскав бар гашт» навишта буд, ки «Узбакистон ба СПАД бар гашт, то заминаи як шантаж ва дубора аз он хориҷ шудани худро фароҳам кунад». Инак, ҳамон пешбинӣ, на фолбинӣ, баъди 6 сол муҳақақ шуд. Ва рӯзи панҷшанбеи 28 июн Узбакистон аризаи худ барои тарки СПАД -ро эълон кард.

Русия гуфтааст, ки хориҷ шудан аз ин паймон ҳаққи ҳар кишвари узви он аст, аз ҷумла ҳаққи Узбакистон. Аммо ҳоло бояд интизор шуд ва дид, ки вокуниши амалии Русия дар баробари ин иқдоми Узбакистон чӣ хоҳад буд. Ба ҳар ҳол бояд интизори як таҳаввули бузург дар минтақа бошем.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97