Бино бар сохтмони босуръати истгоҳҳои базавӣ имрӯз алоқаи мобилии «МегаФон» ҳатто дар деҳаҳои дурдасти кишвар дастрас шудааст, ки яке аз он минтақаи кӯҳистонии Дарвоз мебошад.
22 июн дар маркази ноҳия, Қалъаи Хумб «Рӯзи МегаФон» - маҷмӯи чорабиниҳое, ки оператор ба хотири ифтитоҳи марказҳои хизматрасониаш мегузаронад, баргузор кард. Коргоҳи навро дар Қалъаи Хумб Муъмин Қаноат, шоири миллии Тоҷикистон ва Шамсмуҳаммад Назриев, раиси ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ карданд.
«Ман шахсан шоҳиди он шудаам, ки «МегаФон» ба рушди соҳаи телекоммуникатсия дар минтақаҳои дурдаст саҳми арзанда мегузорад» - мегӯяд Мӯъмин Қаноат. – «Дар зодгоҳи ман - деҳаи Курговад, ширкати мазкур осорхонаи онро бо алоқаи боэътимод таъмин кардааст. Акнун меҳмонони осорхона имкон доранд, то дар ин ҷо, дар қуллаи кӯҳ истода аз интернет истифода баранд».
Нахустин меҳмонони офиси барҳавову муҷаҳази ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аз ширкат туҳфаҳо гирифтанд аммо ғолибони бозии бурднок соҳиби ҷоизаҳои боарзиш – телефонҳои мобилӣ ва 3G модемҳои босуръати «МегаФон» шуданд. Ҷоизаи аслӣ – нетбук
– ба Моҳхонум Нурмаҳмадова, сокини ноҳия, модари панҷ фарзанд расид. «Ман дар филиали яке аз бонкҳои кишвар воқеъ дар ноҳияи Дарвоз кор мекунам ва баъзе вақтҳо маҷбурам пас аз ко рва рӯзҳои истироҳат дар хона низ кор кунам. Қаблан ман вақти зиёдеро барои навиштан дар коғаз ва сипас рӯбардор кардани он ба компютер сарф мекардам. Бо кӯмаки нетбуки «МегаФон» ман акнун ман имкон дорам корамро зудтар анҷом бидиҳаму барои фарзандонам фурстаи бештаре пайдо бикунам.