Рӯзи 25 –уми июн писари Кабирӣ муҳокима мешавад

Хабари хуб 22.06.2012 19:48

Pisari_kabiriБаррасии парвандаи Муҳаммад Тилозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ рӯзи 25 июн дар додгоҳи шаҳри Ваҳдат доир хоҳад шуд.

Мурофиаи мазкур, ки қарор буд имрӯз баргузор шавад, ба сабаби ҳозир нашудани прокурор, баргузор нагардид.

Дар ин мурофиъа худи Муҳиддин Кабирӣ иштирок надошт, вале ҳамсару дигар ақрабояш ҳузур доштанд.

Бузургмеҳри Равшан,  вакили мудофеи М. Тиллозода ба хабарнигорон гуфт, ки ба таҳқиқи муфаттишон сабаби рух додани ин садама  бепарвоии ронанда Муҳаммад Тиллозода буда, ҷиноятҳо тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар се бахш: ҷинояти вазнин, миёна ва вазнинтар тақсим мешаванд, ки кори Муҳаммад Тиллозода ба ҳади ҷинояти миёна рост меояд.

Вакили мудофеъи ӯ, Бузургмеҳри Равшан ба додгоҳ санадеро пешниҳод намуд, ки мувофиқи он Муҳаммад аз ин донишгоҳ хориҷ шудааст. Ва сабаби хориҷ шудан ҳам ин таъхири ӯ аз сабти ном шудан дар Донишгоҳ будааст.

Бояд гуфт, ки Муҳаммад Тиллозода рӯзи 3 май дар роҳи Ваҳдат - Файзобод бо мошини шахсии худ Муҳиддин Ортиқови 12-соларо тасодуфан зер мекунад. Ортиқов баъди ба беморхона мунтақил шуданаш ба ҳалокат расид. Рӯзи дувуми ин ҳодиса Муҳаммади Тилозода ӯ аз тарафи мақомот боздошт шуд. Рӯзи 11 майи соли равон чанд соат дар озодӣ буд, вале бо дархости Суди шаҳри Ваҳдат вай дубора равонаи маҳкама гардид. Муҳаммад Тилозодаро ба ғайр аз вакилони мудофеаш дигарон ҳуқуқи дидан надоранд, ҳатто аҳли хонавода ва хешону дӯстонаш.

Муҳиддин Кабирӣ қаблан гуфта буд, ки ҳеҷ дахолате ба сарнавишти писараш нахоҳад кард ва умедвор аст, ки парвандаи ӯро мақомот дар асоси қонун ва адолат мебинанд.

Ин ҳам дар ҳолест,  ки падару модари марҳум Муҳиддин Ортиқов аз даъвои худ гузаштаанд ва ба мақомоти судӣ ариза навиштанд, ки ҳодиса тасодуфан шудааст ва ронанда озод карда шавад.

Зимнан, таҷрибаҳои судӣ  собит кардааст, ки дархости ҷониби ҷабрдида ҳам ба инобат гирифта мешавад, аммо то куҷо дархости хонаводаи Ортиқовҳо ба инобат  гирифта мешавад, инро суд муайян хоҳад кард.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97