Маркази исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар шаҳри Душанбе як озмуни қуръонхонӣ дар байни намояндагони кишварҳои ҳамсуд баргузор кунад. Барои баргузории чунин як озмун кумитаи тадорукот таъсис шудааст.
Қарор аст ин озмун рӯзҳои 5-6 июл дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад. Аз ҳар як кишвари ҳамсуд ба ин озмун се нафар қуръонхон даъват шудаанд.
Би-би-сӣ аз қавли сухангӯи Маркази исломии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳамаи кишварҳои ҳамсуд, ба ҷуз аз Белорус, аз омодагии намояндаҳои худ барои ширкат дар ин озмун дарак додаанд. Гуфта мешавад, ки аз бархе ҷумҳуриҳои худмухтори Русия, назири Чеченистон, Доғистон ва Тотористон, теъдоди бештари қуръонхонон даъват шудаанд.
Ҷойизаҳои ин озмун ҳанӯз муайян нашудааст. Вале ба иттилои Би-би-сӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон низ озмуне баргузор шуда ва барои барандагони он давлат ба унвони ҷоиза сафари ҳаҷҷи умраро созмон дод. Вале то ҳол гӯё ғолибон ин сафарро анҷом надодаанд.