Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки то кунун омилони қатли Холмӯъмин Сафаров, домоди президенти Тоҷикистон ошкор ва боздошт нашудаанд.
Холмӯъмин Сангов, ки раиси идораи Ҷангал ва шикори Тоҷикистон низ буд, рӯзи 13 дар назди манзили худ ба зарби се гулулаи туфангчаи Макаров ба қатл расида буд.
Ҷамшед Сангов, сардори гуруҳи тафтишотии парвандаи куштори Сафаров мегӯяд, ки тафтишот ҷараён дорад ва касе то кунун расман гумонбар нашудааст. Гурӯҳи тафтишотӣ ба кӣмаки сокинон умед бастааст ва масъулони он мегӯянд, ки ҷиҳати шиносоӣ кардани омилони ҳодиса ва сабабҳои он ба гурӣҳи махсуси тафтишотӣ мусоидат намоянд.Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, низ танҳо ҳаминро гуфт, ки дар ҳоли ҳозир тафтишоти қазия ҷараён дорад ва касе ба унвони гумонбар боздошт нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар миёни ҷомеа сару садое ҳаст, ки се ё чор фарди гумонбар ба қатли Холмӣъмин Сафаров тавассути ниҳодҳои интизомӣ ва амняитӣ боздошт шуда, мавриди бозпурсии гурӣҳи тафтишот қарор дорад.
Дар пайи вуқуи ҳодисаи куштори Холмӣъмин Сафаров, аз пайвандони раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаби 13-уми июн сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе дар ҳолати омодабош (казармавӣ) қарор гирифта ва роҳҳои воридотӣ ба пойтахт тавассути гурӣҳҳои махсуси силоҳбадаст назорат мешаванд.
Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӣш доштааст. Хонадони раисиҷумҳур ё дафтари матбуоти ӣ то ин лаҳза дар бораи ҳодисаи қатл изҳороте пахш накардаанд