Зайд Саидов: Давлат бояд пуштибони соҳибкорону тоҷирони ватанӣ бошад

Хабари хуб 14.06.2012 18:38

zayd_saidov_1Дар таҳрири нави Қонуни андози Тоҷикистон, ки дар назар аст, дар соли ҷорӣ дар парлумон ба тасвиб бирасад, бояд теъдод ва мизони андоз дар бахши соҳибкорӣ коҳиш дода шавад.

Ба ин нукта рӯзи 14 июн дар ҳамоиши Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорону иттиҳодияҳои иҷтимоъии Тоҷикистон дар мавриди вазъияти кунунӣ ва дурнамои бахши тиҷорат ва соҳибкорӣ дар кишвар таъкид шуд.

Зайд Саидов, раиси тозаинтихоби ин Шӯро гуфт, ки дар Қонуни андози Тоҷикистон барои бахши соҳибкорӣ молиёти зиёде муқаррар шудааст, ки он боиси рушд наёфтани ин бахш шуда ва фаъолияти шаффофи соҳибкорон дар Тоҷикистонро зери суол мебарад.

Дар ин нишаст ҳамчунин таъкид шуд, ки дар натиҷа, маблағҳое аз бахши соҳибкорӣ на ба будҷаи давлат, балки ба ҷайби бархе аз масъулон ворид мешавад.

Ба таъкиди Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорону иттиҳодияҳои иҷтимоъии Тоҷикистон кам кардани теъдод ва мизони андоз роҳро барои фаъолияти шаффофи соҳибкорон боз карда ва ба ин васила теъдоди пардохткунандагони андоз бештар хоҳад шуд. Ва ин боиси ғанӣ гардонидани будҷаи давлат мегардад.

Ҳамчунин, дар нишасти имрӯзи Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорону иттиҳодияҳои иҷтимоъии Тоҷикистон зиёд будани баҳраи қарзи бонкҳо ва мушкили дарёфти сармоя монеъае дигар барои тавсеъаи фаъолиятҳои соҳибкорӣ дониста шуд.

Зайд Саидов гуфт: "Соҳибкор идея ва таҷриба дорад, аммо пул дарёфт карда наметавонад. Аз ин лиҳоз ин гуна соҳибкорон Тоҷикистонро тарк мекунанд ва ин аст, ки фирори мағзҳо зиёд ба мушоҳида мерасад." Ба таъкиди ӯ баҳраи қарзҳои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон беш аз 24 дарсадро ташкил дода, муддати пардохти қарз 6 моҳ буда ва ҳаҷми қарзҳо чандон бузург нест.

Аз ин рӯ ин Шӯро аз давлати Тоҷикистон хостааст, то барои пуштибонии молӣ аз бахши соҳибкорӣ "Сандуқи ҳимоят аз соҳибкорӣ"-ро таъсис дода ва барои соҳибкорон ба миқдори зиёд ва бо фоизи кам қарзҳо ихтисос бидиҳад.

Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорону иттиҳодияҳои иҷтимоъии Тоҷикистон 60 анҷумани соҳибкорону тоҷирон ва соҳибони корхонаҳои хусусиро муттаҳид карда ва таъмини ҳуқуқи ин афрод аз аҳдофи аслии он маҳсуб мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97