Бозгашти қаҳрамонҳо!

Хабари хуб 14.06.2012 16:57

megafonДастаи футболбозони Тоҷикистон "Нуробод" дар чемпионати кушодаи Россия оид ба футбол миёни дастаҳои ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо дар ҷоми "Оянда аз ту вобаста аст" соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Имсол дар бозии ниҳоӣ, ки тибқи анана дар Сочи баргузор шуд, барои ғолибият дусад футболисти ҷавон аз Росссия ва кишварҳои хориҷ қуваозмоӣ карданд. Тоҷикистонро дар бозии ниҳоӣ ду даста:  кӯдакони ноҳияи Ҷомӣ (дар гурӯҳи болоӣ) ва  Нуробод (дар гурӯҳи поёнӣ) муаррифӣ карданд.

Варзишгарони наврас аз Нуробод дар ин мусобиқа барои ҷои сеюм бо дастаи Осетияи Ҷанубӣ во хӯрданд. Дар оғози мусобиқа ҳисоб 0:1 бар фоидаи дастаи муқобил идома мекард, вале дар охир, футболбозони тоҷик тавонистанд дар дақиқаҳои охир ду тӯб зада сазовори медали биринҷии Чемпионат шуданд.  

Дар танаффуси  байни мусобиқаҳо бачаҳо дар мастер-класс, ки

варзишгарони клуби футболи "Ростов"  Хорен Байрамян ва Магомед Қурбонов гузарониданд, иштирок карданд. Рекордгузори Китоби рекордҳои Гиннес Виктор Царев ба футболистони ҷавон оиди такмили техникаи идора кардани тӯб маслиҳатҳои муфид дод.

Кудакон дар баробари мусобиқаҳои футбол ва машқу тамринҳои ҷиддӣ, имкони истироҳат низ доштанд: онҳо аз океанариуми Сочӣ боздид карда, дар Баҳри Сиёҳ оббозӣ карданд, дар бозиҳо ва викторинаҳои гуногун низ иштирок намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки таърихи Чемпионат аз солҳои 2005-2006 дар Санкт-Петербург оғоз шуда  - аз аввал дар он дастаҳои пойтахтҳои мадании Россия  иштирок мекарданд. Дар ҳафт сол география ва рӯйхати иштирокчиёни мусобиқа қариб даҳ маротиба зиёд шуд.  Имрӯз  Чемпионат тамоми Россия аз Калининград то Шарқи Дур ва инчунин мамлакатҳои хориҷи наздикро дар бар мегирад.  Дар муддати ин солҳо дар марҳилаҳои интихобӣ ва бозиҳои финалӣ зиёда аз панҷ ҳазор кӯдак аз сесад ятимхона ва мактаб-интернатҳо иштирок кардаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97