Шаби гузашта, 13 июн таќрибан соати 11 дар наздикии АТС-и 35-36 пойтахт, воќеъ дар рў ба рўи Автовокзали Душанбе яке аз наздикони президенти Тољикистон кушта шудааст.
Шавњари хоњарбузург (апа)-и Эмомалї Раҳмон, раисиљумњури Тољикистон, пас аз адои намози хуфтан, замоне ки аз масљид берун шуда, љониби хонааш рањсипор буд, мавриди њамлаи мусаллањона ќарор гирифта, ба ќатл расонида шудааст.
Шаби гузашта издињоми азиме дар ин мањалла таљаммуъ карда, тамошогари сањнаи даргирї будаанд. Аммо маќомоти интизомї, ки танњо соати 10-и субњ ин хабарро пахш кардаанд, њанўз љузъиёти онро шарњ надодаанд.
Манобеи вазорати корњои дохилии Тољикистон мегўянд, ба сари шавњари хоњарбузурги президент Холмўъмин Сафаров, сокини ноњияи Восеи вилояти Хатлон, се тир холї кардаанд, ки дар натиља ў дар љойи њодиса њалок гардидааст. Холмўъмин Сафаров рањбарии Корхонаи Воњиди Давлатии "Љангали тољик"-ро бар уњда доштааст.
Ин дуввумин тирпаронї дар њафтаи љорист, ки дар пойтахти Тољикистон сурат гирифтааст. Дар ду рўзи ќабл дар мањаллаи Зарафшони пойтахт як даргирї сурат гирифт, ки њанўз омилони он дастгир нашудаанд.