Ванҷ: Имомҳо дар «аттестатсия» ноком шуданд

Хабари хуб 07.06.2012 17:58

vanjҲафтаи гузашта аз ҷониби шуъбаи оид ба корҳои дини назди мақомоти давлатии иҷроияи ноҳияи Ванҷ санҷиш ё «аттестатсия»-и имомони масҷидҳои панҷвақтаи ноҳия ба анҷом расид.

Дар посух ба саволи хабарнигори «Миллат» оид ба санҷиши анҷомшуда Сардори шуъбаи дини ноҳия Бачонаев Раҳматулло изҳор дошт, ки аз 13 нафар имомони масоҷиди панҷвақта танҳо 3 нафар «комёб» шуда, 5 имоми дигар аз сабаби иштирок накардан дар «аттестатсия» аз санҷиш нагузаштаанд.

Номбурда зикр намуд, ки санҷиши имомони масоҷиди ҷомеъ дар салоҳияти кори шуъба набуда, аттестатсияи онҳо аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини ҶТ анҷом дода мешавад.  

Ҳамзамон, Р. Бачонаев ёдовар шуд, ки дар байни имомони масоҷид мутахассисон бо маълумоти олии динӣ нестанд ва санҷиш ба хотири он гузаронда мешавад, ки дар масҷидҳо бояд афроди огоҳ имоматӣ кунанд.  

Шоёни ёдоварист, ки дар ин ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ, ба иловаи масоҷиди панҷвақтаи рустоҳои он, 3 масҷиди ҷомеъ фаолият дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97