Боздоштҳои ҷамъӣ дар амалиёти "Нелегал-2012"-и Маскав

Хабари хуб 05.06.2012 15:28

nelegal_01Дар Маскав беш аз ду ҳазору 600 шаҳрванди хориҷӣ ба иттиҳоми нақзи муқаррароти муҳоҷирати Русия боздошт шудаанд.

Дар ин бора намояндаи Идораи Федероли Муҳоҷирати Русия ба хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст.

Гузориш шудааст, ки кормандони ин идора аз рӯзи даҳум то 31-уми майи соли ҷорӣ амалиётеро таҳти унвони "Нелегал-2012" анҷом додаанд.

Амалиёти боздошти муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ умдатан дар маҳалли корхонаҳои санъатӣ, сохтмонҳо, хобгоҳҳо ва бошгоҳҳову рестуронҳо сурат гирифтааст.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ то ҳоло ҳудуди 500 нафар аз афроди боздоштшуда ба кишварҳои худ ихроҷ шуданд ва барои нақзи муқарароти муҳоҷират ба маблағи беш аз 20 милюн рубл ҷарима баста шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97