Ҳукми зиндон барои "атса" ба акси Путин

Хабари хуб 31.05.2012 12:38

putiniДодгоҳи Русия дирӯз як узви ҳизби мухолифи Русияи дигарро бо ҷурми туф кардан ба акси президент Владимир Путин 15 рӯз ҳукми зиндон дод.

Додгоҳ Дмитрий Каруеви 20-соларо дар “нақзи тартибот” ва “беэҳтиромии ошкор ба ҷомиа” дар ҷараёни эътирози рӯзи 6 май алайҳи бозгашти Путин ба қудрат муҷрим шинохт. Каруев, ки дар Чебоксарӣ боздошт шуд, мегӯяд, ба рӯи портрети Путин фақат атса зада, туф накардааст. Ин қазия маъракаи пуртанзеро таҳти унвони “Атса ба рӯи Путин” оғоз дод.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97